БАХШИДА БА РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ҳамарӯза намоишҳои ҷолибро пешкаши тамошобинон мегардонад

Октябрь 30, 2023 16:45

ДУШАНБЕ, 30.10.2023 /АМИТ «Ховар»/.  7 ноябр дар Тоҷикистон Рӯзи Театри тоҷик мебошад. Бахшида ба ин рӯз дар Театри давлатии  ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов шуруъ аз имрӯз то 4 ноябр ҳамарӯза  соатҳои  12:00 ва 15:00 намоишҳо пешкаши тамошобинон гардонида мешаванд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин театр хабар медиҳад.

Дар ин рӯзҳо спектаклҳои «Ашки хунин», «Гунҷишкакон ҳам механданд», «Метранпаж», «Арӯси ҷангара», «Модар маро бубахш», «Дирафши ковиёнӣ», «Гирдбод» намоиш дода мешаванд.

Ҳамзамон намоиши «Зани сарватманд» ва «Шабе дур аз Ватан» низ ба нақша гирифта шудааст.

Бояд гуфт, ки Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов  соли 1971 дари худро барои мухлисонаш боз намуда, 27 декабри ҳамон сол бори аввал театр бо спектакли «Васса Железнова»-и Максим Горкий пардаи худро ба рӯи тамошобинон кушод.

Репертуари театрро асарҳои «Табиби зӯракӣ»-и Жан-Батист Молер, «Пирии пурзаҳмат»-и Лев Разгонов, «Ғори аҷинаҳо»-и Гулрухсор Сафиева, «Хазони таги пой»-и Фотима Ғуломова, «Робияи Балхӣ»-и Азамат Атобоев, «Ҳалокати умед»-и Галина Германсева, «Тангои ҷиноятӣ»-и З. Раннет ташкил менамуд. Ҳайати эҷодии театри навбунёдро актёрони ҷавон ташкил медод.

Дар замони соҳибистиқлолӣ дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ҳунарпешагону коргардонҳои бомаҳорат фаъолият намуда, асарҳои хуби саҳнавӣ меофаранд. Қисми зиёди онҳоро ҷавонон ташкил дода, бо иҷрои нақшҳои хуби офаридаашон ҳам дар дохил ва ҳам хориҷи мамлакат ба пешравиҳои назаррас ноил гардидаанд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар» 

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 30, 2023 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд