Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва иди касбии кормандони оперативии мақомоти милитсия ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 04.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи касбии кормандони оперативии мақомоти милитсия дар доираи маҳфили «Маърифати ватандӯстӣ» ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар доданд.
Иброз гардид, ки маҳз забон давоми солҳои таърих нигоҳдорандаи арзишҳои миллати тоҷик ба шумор рафта, миллати моро дар кашмакашҳои таърихӣ ҳамеша забони нобу шевояш ҳифз намудааст.
Дар ҳамоиш муҳимтарин масъалаҳои забон ва таҳкими минбаъдаи он мавриди баррасӣ қарор гирифта, баён гардид, ки мояи ифтихор аст, ки имрӯз забони тоҷикӣ рушд намуда, ҳамчун забони илм муаррифӣ мешавад.
Дар қисмати дигари ҳамоиш доир ба фаъолияту ҷоннисориҳои кормандони самти оперативии мақомоти милитсия ибрози андеша шуд. Иброз гардид, ки дар баробари кормандони дигар бахшҳои милитсия кормандони бахши оперативӣ ҷиҳати ошкору дастгирнамоии афроди ҷиноятпеша, таъмини волоияти қонуну тартибот, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон нақши муҳим доранд.
Дар анҷоми ҳамоиш як зумра кормандоне, ки дар фаъолияти корӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд, бо Ифтихорномаву сипосномаҳо қадрдонӣ шуданд.
АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе








Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкории амниятиро барои муқовимат ба таҳдидҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад






