Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишкадаи иқтисод ва сервиси Самарқанд созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 20.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишкадаи иқтисод ва сервиси Самарқанд созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ин санад дар доираи конфронси байналмилалӣ, ки дар ҳошияи иҷлосияи 25-уми Маҷмаи Умумии Созмони ҷаҳонии сайёҳии Милали Муттаҳид (UNWTO) дар Самарқанд доир гардид, ба имзо расидааст. Дар асоси ин санад Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишкадаи иқтисод ва сервиси Самарқанд ҳамкориро густариш медиҳанд.
Ҳамзамон вобаста ба табодули донишҷӯёну омӯзгорон, омӯзиши таҷрибаи якдигар, ташкили семинару конфронсҳо байни Донишкадаи иқтисод ва сервиси Самарқанд ва филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар вилояти Суғд созишнома ба имзо расонида шуд.
Намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва филиали он дар вилояти Суғд дар конфронси илмӣ-амалии байналмилалии Донишкадаи иқтисод ва сервиси Самарқанд, ки ба масоили мубрами рушди сайёҳӣ дар Осиёи Марказӣ бахшида шуда буд, иштирок намуданд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон








Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид






