Беш аз 60 ширкати ватаниву хориҷӣ дар намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «ТAJBUILD» дар Душанбе иштирок менамоянд

Октябрь 12, 2023 09:13

ДУШАНБЕ, 12.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Беш аз 60 ширкати ватаниву хориҷӣ дар Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «ТаҷБилд», ки имрӯз дар Душанбе оғоз меёбад, иштирок менамоянд. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон мудири Ассотсиатсияи ширкати «ТAJBUILD» Алиҷон Қодиров иттилоъ дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Мавсуф афзуд, ки Намоишгоҳи байналмилалии «ТAJBUILD» дар доираи Солҳои рушди саноат (2022-2026) бо мақсади саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи сохтмону саноат гузаронида шуда, барои тақвияти ҳамкорӣ байни ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар намоишгоҳ беҳтарин дастовардҳо ва таҷрибаи пешқадами ширкатҳои бонуфузи сохтмонии хориҷӣ, маҳсулоти сохтмонӣ, технология ва таҷҳизоти махсуси соҳавӣ ба маъраз гузошта мешавад. Намоишгоҳ бо ибтикори Ассотсиатсияи ширкати «ТAJBUILD» ва дастгирии Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ гузаронида шуда, дар он ширкатҳо аз Тоҷикистон, Русия, Чин, Эрон, Туркия ва Узбекистон иштирок менамоянд.

Яке аз ҳадафҳои асосии намоишгоҳи «ТAJBUILD»- муаррифии маҳсулоти сохтмониву ороишӣ, таҷҳизот ва хизматрасонии сохтмонӣ мебошад. Намоишгоҳи байналмилалии «ТAJBUILD» аз 6 қисмат- маҳсулоти сохтмонӣ ва ороишӣ, меъморӣ ва ороишӣ, сохтмони манзилҳои наздишаҳрӣ, коммуникатсияҳои муҳандисӣ ва таҷҳизот, техникаҳои махсус, механизмҳо, асбоб, либосҳои махсуси соҳавӣ ва моликияти ғайриманқул иборат мебошад.

Шарики асосии Намоишгоҳи байналмилалии ««ТAJBUILD» ширкати сохтмонии «Строй Центр», обҳои ташнагишикани «Сиёма», ширкати «Зепилин Тоҷикистон» буда, баргузории намоишгоҳ ба татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе, ки марҳилаи якуми он то соли 2025 идома меёбад, мусоидат менамояд.

Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «ТAJBUILD» соли дуюм баргузор гардида, ягона майдоне аст, ки маҳсулот ва дастовардҳои соҳаи сохтмонро муаррифӣ менамояд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС:АМИТ «Ховар»

Октябрь 12, 2023 09:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад