Бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд сохтмони 19 муассисаи таълимӣ оғоз мегардад

Октябрь 8, 2023 13:38

ДУШАНБЕ, 08.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими баимзорасонии Созишномаи қарзӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд оид ба лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии як қатор мактабҳои миёна, марҳилаи 5» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Созишномаи мазкурро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва Директори генералии Фонди Саудии Рушд – ҷаноби Султон Абдулраҳмон Ал-Маршад ба имзо расониданд.

Ҳадафи асосии лоиҳа ин сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳои миёна, беҳтар намудани муҳити таълим ва мусоидат намудан ба таҳкими низом барои татбиқи устувори системаи таҳсилоти фарогир ва ба салоҳият асосёфта ҷиҳати беҳтар намудани натиҷаҳои омӯзиш дар Тоҷикистон мебошад.


Арзиши умумии лоиҳа 20 млн доллари амрикоиро ташкил дода, пурра аз ҳисоби маблағҳои қарзи имтиёзноки Фонди Саудии Рушд маблағгузорӣ мегардад.

Бо арзиши маблағӣ лоиҳа дар шаҳру ноҳияҳои кишвар, сохтмони 19 мактаби наву замонавӣ ба нақша гирифта шуда, баъди пурра сохта мавриди истифода қарор додани онҳо 30 000 хонанда бо ҷойи нишаст таъмин хоҳанд шуд.

Татбиқи лоиҳаи мазкур аз соли 2023 оғоз ёфта, санаи анҷомёбии он соли 2028 дар назар аст.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 8, 2023 13:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд