Бо мақсади баррасии ҳолат ва дурнамои таълими фанни журналистикаи соҳавии телевизион ва технологияҳои инноватсионӣ ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 05.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Лоиҳаи таҳқиқотии «Масъалаҳои тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳавии журналистикаи телевизион (солҳои 2022-2026)» конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ бо унвони «Ҳолат ва мушкилоти таълими фанни журналистикаи соҳавии телевизион ва технологияҳои инноватсионии таълим» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар факултети журналистикаи телевизион ва радиои донишкада хабар доданд.
Тазаккур дода шуд, ки бо шарофати истиқлолият ва ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи телевизион рушд намуда, сафи телевизионҳои соҳавии ҷумҳуриявӣ ба 15 ва ғайридавлатии шаҳриву ноҳиявӣ ба 35 адад расид.
Зимни ҳамоиш бо назардошти саҳми телевизион ва радио дар таҳкими фазои иттилоотӣ, арзишҳои миллию таърихӣ, тарбияи наслҳо дар руҳияи ифтихори миллӣ ва мусоидат ба рушди тамоми соҳаҳои ҷомеа қарор дода шуд, ки ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиатнома қабул шавад, то 3 октябр ҳамчун Рӯзи Телевизиони тоҷик (кормандони соҳаи телевизион) ва 10 апрел Рӯзи Радиои тоҷик дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ворид гарданд ва минбаъд ин санаҳои фарҳангӣ расман ҷашн гирифта шаванд. Ин пешниҳод аз тарафи иштирокчиёни конфронс бо руҳбаландӣ қабул гардид.
Сипас дар ду бахш 28 маърузаи илмии устодону унвонҷӯён ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н. Хусрав ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода қироат шуданд, ки аксаран ба мавзуи тарбияи журналистони соҳавӣ бахшида шуда буданд.
АКС: Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода








Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд






