Бозори суғуртаи Тоҷикистон аз ҷониби коршиносони байналмилалии «TA Consult» таҳқиқ мешавад
ДУШАНБЕ, 03.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Суғурта дар ҷаҳони муосир яке аз бахшҳои муҳимми низоми молиявӣ маҳсуб шуда, имрӯз он бо роҳнамоиҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саъю талошҳои мақоми назорати суғуртавӣ ва ҳамкории судманди ташкилоти суғуртавии мамлакат рушд менамояд. Ин нуктаро муовини аввали Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода дар ҷаласае, ки дар Душанбе бо иштироки намояндагони департаменти амалиётии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд /БАТР/ оид ба ҳамкорӣ бо институтҳои молиявии Осиёи Марказӣ, роҳбарони ташкилоти суғуртавии мамлакат ва Ассотсиатсияи миллии ташкилоти суғуртавии Тоҷикистон доир гардид, таъкид намуд.
Ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки лоиҳаи кумаки техникии БАТР аз ҷониби гурӯҳи «TA Consult» татбиқ мегардад. Гуфта шуд, ки он яке аз лоиҳаҳои муҳим ва аввалини БАТР дар соҳаи суғурта буда, ба таҳияи Стратегияи рушди бозори суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудааст.
Инчунин рӯнамо доир ба «Ҳисобот оид ба ташхиси бозори суғурта» пешкаши иштирокдорони ҳамоиш гардонида шуд, ки он маълумоти пурра ва таҳлилҳои амиқи вазъи имрӯзаи бозори суғуртаи ҷумҳуриро фаро гирифт. Ҳамзамон таваҷҷуҳи иштирокдорони бозори суғурта ба муҳокима ва таҳияи лоиҳаи Стратегияи рушди бозори суғурта, ки бо мақсади муайян намудани самтҳои асосӣ ва афзалияти рушди бозори суғурта ва раванди назорати он аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон омода шудааст, ҷалб гардид.
Дар ҷаласа аз ҷониби роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон оид ба вазъи бозори суғурта ибрози назар шуд. Гуфта шуд, ки ҳисоботи мазкур барои рушди бозори суғуртаи мамлакат бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР аз ҷониби коршиносони гурӯҳи «TA Consult» омода шудааст, ки минбаъд дар таҳияи Стратегияи рушди бозори суғурта истифода шуда, дар рушди иқтисодиёти мамлакат нақши муҳим дорад. Ҳисоботи таҳиянамудаи коршиносони байналмилалӣ мустақил буда, дар баробари инъикоси вазъи имрӯзаи бозори суғуртаи Тоҷикистон инчунин дастовард ва мушкилоти мавҷудаи соҳаро дар бар мегирад.
Дар робита ба ин, зарур аст, ки ҷиҳати ҳалли саривақтии мушкилоти ҷойдошта аз тамоми имконияти мавҷуда истифода бурда шавад. Инчунин оид ба ҷанбаҳои гуногуни рӯнамои «Ҳисобот оид ба ташхиси бозори суғурта», ки аз ҷониби коршиносони байналмилалии гурӯҳи «TA Consult» омода ва пешниҳод шудааст, табодули афкор доир шуд.
Барои беҳтар намудани вазъи бозори суғурта ва саҳми он дар рушди иқтисоди мамлакат пешниҳодҳои судманд баён гардид.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.1105 то 11.1395 сомонӣ муқаррар шудааст
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд






