«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Ин фестивали байналмилалӣ бори ҳафтум аст, ки дар Душанбе мегузарад

Октябрь 24, 2023 15:45

ДУШАНБЕ, 24.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз, 24 октябр дар Театри давлатии «Лӯхтак»-и шаҳри Душанбе Фестивали 7-уми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид. Дар саҳни театр меҳмононро роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони театр бо шукуҳи хосса пешвоз гирифтанд.

Дар доираи ин фестивали байналмилалӣ ҳунарпешагони театрҳои касбии лӯхтаки Федератсияи Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон намоишҳои худро манзури бинандагон мегардонанд.

Сармутахассиси Раёсати санъати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҳир Муҳаммадризоев дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки «бори ҳафтум аст, ки ин фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе доир мегардад. Дар он театрҳои касбии лӯхтаки Федератсияи Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон бо пешниҳоди беҳтарин намоишҳо, ки аз даври ниҳоӣ гузаштаанд, иштирок намуда, давоми чанд рӯз табъи тамошобинонро болида мегардонанд. Ин як иди волои санъати асил аст ва пеш аз ҳама, туҳфаи беҳтарин барои тамошобинони хурдсол мебошад. Дар баробари ин шинос шудан бо ҳунари лӯхтакбозони мамлакатҳои хориҷӣ низ аз манфиат холӣ нест, чунки он на танҳо ба ҳамкории тарафайн, балки ба инкишофи ин навъи санъати театрӣ, пайдо шудани асарҳои нав, табодули таҷрибаи ҳунармандони давлатҳои гуногун ва тарбияи насли наврасу ҷавон мусоидат менамояд».

Ҳунарпешаи Театри вилоятии лӯхтаки Бухорои Ҷумҳурии Узбекистон Муноҷот Эргашева ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки «бори аввал аст ба Душанбе омада, дар ин фестивали бароям хеле ҷолиб иштирок дорам. Мо бо намоиши «Корномаи Фарҳод» омадем, ки онро имрӯз манзури тамошобинон мегардонем. Мо мехоҳем, ки дар оянда ҳамкорӣ ва дӯстиву рафоқати ҳунармандон бештару қавитар гардад».


Намояндаи Театри лӯхтаки шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон дар суҳбат бо хабарнигор гуфт, ки «бори нахуст ба шаҳри Душанбе омадаам. Умед дорем бо манзур намудани намоиши «Маршмолло» табъи тамошобинонро болида гардонем. Чун мардумони мо асарҳои «Гулистон» ва «Бӯстон»-и Саъдиро меписанданд, аз ин рӯ ман «Гулистон»-ро мухтасар намуда, ба тамошобинон намоиш медиҳам».

Ҳамзамон намояндагони дигар давлатҳои иштирокчӣ низ таассуроти рангини худро оид ба баргузории фестивали байналмилалӣ баён дошта, умед бар он намуданд, ки дар оянда чунин фестивалҳо зиёдтар доир шаванд, то муносибатҳои дӯстонаи халқу миллатҳои бо ҳам дӯсту бародар боз ҳам қавитару мустаҳкамтар гарданд.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистонро дар ин фестивал театрҳои лӯхтаки шаҳрҳои Душанбе, Бӯстон ва Бохтар намояндагӣ менамоянд. Дар ин фестивал Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши «Маликаи маккор», театри Бӯстон намоиши «Ҳинди тиллоӣ» ва театри Бохтар «Хари маккор»-ро ба намоиш мегузоранд.

Ҳадафи аслии фестивал- таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи театрҳои лӯхтак, эҳё ва рушди театри суннатии лӯхтаки тоҷик, инчунин беҳбуд бахшидан ба тарбияи эстетикии насли наврас мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Фестивали 7-уми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» то 28 октябр идома меёбад.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 24, 2023 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи фалак ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мегардад
Тоҷикистон дар Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ соҳиби ҷойи аввал гардид
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиши забони англисӣ густариш медиҳанд
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиш ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ тақвият медиҳанд
Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» доир мегардад
Таҳкими ҳамкорӣ байни Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо Шурои Британия дар Душанбе баррасӣ гардид
Иштирокдорони Бозиҳои ХХ Делфии ҷавонони ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир мегардад
Ҷаласаи Шурои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ идома доранд
Фарҳанги пурғановати Тоҷикистон дар Туркманистон муаррифӣ мегардад