Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Рӯзи забони давлатиро ҷашн гирифтанд
ДУШАНБЕ, 03.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳамоиши тантанавӣ доир гардид, ки дар он ҳайати профессорону омӯзгорон, олимони забоншинос ва донишҷӯён иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ хабар доданд.
Ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода таъкид намуд, ки ҳифзи забони миллӣ, арҷгузорӣ ба он яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар ҳамаи паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҳифзу тозагии забони миллӣ таъкид мегардад.
«Президенти Тоҷикистон забони миллиро хишти нахустини пойдевори кохи миллат шуморида, ҳамагонро ба рушд додани он даъват менамоянд. Сиёсати Пешвои миллат дар соҳаи забони миллӣ сиёсати дурбинона ва созанда аст, сиёсате аст, ки бар асоси рушди ин рукни муқаддас дар ҷомеа, ҳифзи он аз зуҳуроти бегона, таҳкими сулҳу ваҳдат, ободонии ҷумҳурӣ, тарғиби дастовардҳои истиқлол, эҳёи суннатҳои фаромӯшшуда ва дар зеҳни ҷаҳониён ба вуҷуд овардани имиҷи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол ба роҳ монда шудааст. Аз ин рӯ, ҳамаи мо ҷиҳати ҳамовозӣ, тарғибу ташвиқи чунин сиёсат пайваста ҷаҳд меварзем ва барои амалӣ гаштани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғайратмандона азму талош менамоем»,-афзуд ректори донишгоҳ.
Профессори кафедраи забони тоҷикӣ Саидмуроди Хоҷазод иброз дошт, ки «забон рукни муҳимтарини бақои миллат, пойдевори устувори давлати миллӣ ва муҳимтар аз ин, воситаи муоширати ҷамъият ва василаи мубодилаи фикрии одамон мебошад, аз ин рӯ, дар замони истиқлол Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушд, тозагӣ, омӯзиш ва густариши он дар тамоми соҳаҳои ҳаёт пайваста ҷаҳд меварзад.
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои тарвиҷи забони тоҷикӣ роҳи васеъ кушод, бар мабнои ин қонун забони тоҷикӣ ба сифати забони давлатӣ дар тамоми муассисаҳои олии таълимии ҷумҳурӣ тадрис мегардад ва омӯзиши он дар факултаҳои ғайрифилологӣ низ ба роҳ монда шудааст». Мавсуф оид ба «Нақши забони миллӣ дар ташаккули худшиносии ҷавонон ва донишҷӯён» фикрҳои тоза пешниҳод намуд.
Дар ҳамоиш доир ба «Роҳҳои ҳифзи забони миллӣ аз хатарҳои ҷаҳонишавӣ», «Нақши Президент дар рушди забони тоҷикӣ дар замони истиқлол» ва «Нақши забони миллӣ дар рушди худшиносии миллӣ ва иртиботи байнифарҳангӣ» ва «Забони тоҷикӣ-забони илм» аз ҷониби омӯзгорони донишгоҳ маърузаҳо хонда шуданд.
Қироати шеърҳо дар васфи забон, Ватан ва Тоҷикистон аз ҷониби гурӯҳи донишҷӯён ба ҳамоиш шаҳомати тоза зам намуд.
АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ










Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид






