Дар Донишгоҳи миллӣ муаммоҳои гузариш ба низоми иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуданд

Октябрь 18, 2023 16:01

ДУШАНБЕ, 18.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ибтикори кафедраи кибернетика ва иқтисоди рақамӣ дар мавзуи «Муаммоҳои гузариш ба системаи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: вазъи кунунӣ ва дурнамо» конфронси ҷумҳуриявии илмию назариявӣ баргузор гардид ки дар он намояндагони сохторҳои илмию таълимии ҷумҳурӣ ва устодону донишҷӯёни факултетҳои иқтисодии донишгоҳ иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллӣ хабар доданд.

Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки Тоҷикистони муосири имрӯзаро марҳилаҳои рушди иқтисодиёти рақамӣ фаро гирифтаанд, ки таҳти назорат ва идора қарор додани онҳо барои рушди давлату миллат, корхонаву ташкилот ва оилаҳо низ муҳим мебошад. «Давлати имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат рушди иқтисодиёти рақамиро бо татбиқи технологияҳои ахборӣ идора намуда, аз ҷумла роҳҳои таъмини бехатарии онро низ коркард намудааст. Барои он ки иқтисоди рақамӣ ба манфиати умум хизмат намояд, он бояд ҳамаҷониба дар ҳамаи самтҳо истифода шавад. Технологияҳои нав, махсусан зеҳни сунъӣ ногузир бо тағйироти назаррас дар бозори меҳнат, аз ҷумла ихтисори ҷойҳои корӣ дар баъзе соҳаҳо ва фароҳам овардани имконияти нав дар миқёси давлат робитаи ногусастанӣ доранд»,-афзуд Ректори донишгоҳ.

Дар ҳамоиш аз ҷониби иштирокчиёни ҳамоиш вобаста ба мавзуъҳои гуногун, аз қабили таърихи ташаккули кафедраи кибернетика ва иқтисоди рақамӣ, масоили танзими ҳуқуқии иқтисоди рақамӣ, татбиқи технологияҳои рақамӣ дар моделсозии иқтисодӣ маъруза пешниҳод гардид.

Иброз гардид, ки вобаста ба таҷрибаи кишварҳои мутараққӣ ва бо такя бар арзишҳои ахлоқию маънавии хеш имрӯз ҷомеаи моро зарур аст, ки сари масъалаи истифодаи дурусту оқилонаи интернет ва рушди иқтисоди рақамӣ андеша намоем. Тоҷикистон ҳамчун субъекти комилҳуқуқи иқтисоди ҷаҳонӣ ба ин равандҳои ташаккули бахшҳои иқтисодиёти иттилоотӣ, аз ҷумла иқтисоди рақамӣ шомил аст.

Мақсад аз баргузор намудани чунин конфронс, пеш аз ҳама, истифодаи самараноки технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, афзоиши номгӯи молҳо ва хизматрасонии электронӣ мебошад.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

 

Октябрь 18, 2023 16:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамкориро бо Донишгоҳи Вестминстер густариш медиҳад
Маркази миллии тестӣ барои дастгирӣ ва осонии кори довталабон дар ИМД-и соли 2026 чӣ тадбир андешидааст?
Давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
То соли 2030 дар Тоҷикистон 800 муассисаи нави томактабӣ бунёд карда мешавад
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Беш аз 15 ҳазор хатмкунанда бо шароити таҳсил дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
Имрӯз даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст мегардад
«Барномаи рушди таълиму тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оид ба нақши осори Саттор Турсун дар адабиёти муосири тоҷик ҳамоиш баргузор шуд
Даври якуми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД 2026 оғоз мегардад
Дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд