Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони ҷамъиятҳои дӯстӣ ва фарҳангӣ ҳамоиш доир гардид

Октябрь 18, 2023 17:41

ДУШАНБЕ, 18. 10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Ҷамъияти дӯстӣ ва  равобити фарҳангии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ ҷамъомади ботантана доир  гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Дар он Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Қобилҷон Хушвақтзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семён  Григорев, намояндагони  Ассотсиатсияи ҳамкории байналмилалии Русия   ва сафоратхонаҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Тоҷикистон, инчунин роҳбарон ва фаъолони анҷуманҳои дӯстӣ, намояндагони мақомоту сохторҳои гуногун, роҳбарони муассисаҳои олии таълимӣ, устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон иштирок намуданд.

Тазаккур дода шуд, ки раëсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ якҷоя бо 24 анҷумани алоҳидаи худ дар таҳкими ҳамкории бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо давлатҳои дигар, махсусан наздикгардонии халқҳову фарҳангҳо, ривоҷи дипломатияи мардумӣ пайваста кӯшиш менамояд ва доираи фаъолияташ бештар густариш меëбад.

Тибқи Созишномаи байни Ассотсиатсияи ҳамкории байналмилалии Русия  ва Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон ба имзо расида (25 ноябри соли 2022),  моҳи июни имсол дар Москва «Анҷумани дӯстии Русия бо Тоҷикистон» сабти ном шуд.

Зимни ҳамоиш байни «Анҷумани дӯстии Русия бо Тоҷикистон» ва зерсохтори Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон — «Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон» Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Баъди ҳамоиш иштирокчиëн бо баъзе аз роҳбарони анҷуманҳои дӯстӣ ва ташкилоти шарики  Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон мулоқот намуда, ҳамзамон бо ҷойҳои ҷолиби шаҳри Душанбе шинос мешаванд.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 18, 2023 17:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид