Дар Душанбе ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 11.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар соли 2023 дар сатҳи роҳбарикунанда бо роҳбарии муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Ашурбой Солеҳзода баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар ҷаласа ҳафт барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии соҳавӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Инҳо «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои то соли 2025», «Барнома оид ба паст намудани сатҳи шуғли бақайдгирифтанашудаи ғайрирасмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023», «Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди мамлакат барои солҳои 2021-2025», «Барномаи рушди муассисаҳои табобатии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи давлатии рушди саноати доруворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», «Барномаи рушди металлургияи ранга ва сиёҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2025» ва «Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва нигоҳдории пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030» мебошанд.
Ҳамзамон тибқи Нақшаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар соли 2023 ҷараёни иҷрои 25 барномаи соҳавӣ ва минтақавӣ мавриди муҳокима қарор гирифта, аз натиҷаи онҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши муфассал ирсол мешавад.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид
Хуршед Каримзода дар ҳамоиши байналмилалии «Такмили экосистемаи ҷаҳонии савдо» дар Корея иштирок намуд






