Дар Душанбе дар мавзӯи муқовимат ба савдои одамон конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд

Октябрь 28, 2023 13:24

ДУШАНБЕ, 28.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе  Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Муқовимат ба савдои одамон: мушкилот ва мулоҳизаҳо» баргузор гардид,  иттилоъ медиҳад  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии мамлакат.

Дар конфронс таъкид гардид, ки савдои одамон ҳамчун ҷинояти поймолкунандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва як шакли ғуломӣ дар замони муосир дониста шуда, муқобилият ба он ҳамеша дар мадди назари ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дорад.

Гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бо ин зуҳуроти манфӣ дар канор набуда, дар самти мазкур як қатор тадбирҳои назаррас ва мушаххасро роҳандозӣ намудааст. Аз ҷумла, ҳанӯз моҳи июли соли 2004 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон» қабул гардида, бо гузашти 10 сол — соли 2014 бо таҳрири нав   Қонун «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон» таҳия ва қабул карда шудааст.

Ҳадафи конфронси илмӣ-амалӣ мусоидат намудан ба муколамаи байни мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақсади табодули таҷриба дар муқовимат ба савдои одамон, муҳокимаи роҳҳои ҳалли ин масъала, аз ҷумла пешгирии ин амали номатлуб, системаи чораҳо оид ба ҳифз ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон тавзеҳ дода шуд.

АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 28, 2023 13:24

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид