Дар Душанбе дар мавзуи «Захираҳои об, инноватсия, захира ва энергиясарфанамоӣ» конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд

Октябрь 16, 2023 11:20

ДУШАНБЕ, 16.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе бо ташаббуси Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар мавзуи «Захираҳои об, инноватсия, захира ва энергиясарфанамоӣ» Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология хабар медиҳад.

Дар кори конференсия намояндагон аз вазорату идораҳо, донишгоҳу донишкадаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон,  намояндагони ташкилоти байналмилалии муқими шаҳри Душанбе, меҳмонон аз Чин, Қазоқистон, Узбекистон ва Корея ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.

Ҳадафи асосии конференсия саҳмгузорӣ дар ҳалли масоили марбут ба вазъи кунунӣ ва дурнамои истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои об, усулҳои инноватсионии истифодаи захираҳои об, таъмини рушди устувори бахшҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон, рушди гидроэнергетика ва истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, таърих, ҳолати кунунӣ ва дурнамои тағйирёбии иқлим, мушкилоти экологии марбут ба обу иқлим ва ғайра  мебошад.

Дар ҷаласаи пленарӣ дар мавзуъҳои «Муносибатҳои байнидавлатии об», «Тадқиқот дар соҳаи энергетикаи гидрогенӣ дар Тоҷикистон», «Равишҳои муосири илмӣ доир ба ҳалли мушкилоти экологӣ дар шароити Тоҷикистон» ва «Равандҳои хатарноки табиӣ дар шароити тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон» маърузаҳо шунида шуданд.

Кори конференсия дар бахшҳои «Истифодаи оқилонаи захираҳои об дар шароити тағйирёбии иқлим», «Комплекси хоҷагии об, рушди гидроэнергетика, иншооти гидротехникӣ ва сохтмон», «Бообтаъминнамоии аҳолӣ. Обҳои рекреатсионӣ ва шифобахш» ва «Гидроэкология, рушди устувор ва иқтисоди сабз» баргузор шуд.

АКС: Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология

Октябрь 16, 2023 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо иҷрокунандаи вазифаи муовини Дабири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ мулоқот намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд: «Муттаҳидӣ ба хотири об: даъват ба амали дастҷамъӣ» иштирок намуд
Тоҷикистон дар Ню-Йорк ҳамоиши сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими устувории иқлим баргузор намуд
Сироҷиддин Муҳриддин нақши фаъоли Тоҷикистонро дар доираи СММ ва саҳми ташаббусҳои байналмилалӣ таъкид намуд
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
«РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ». Барои Тоҷикистон ин дастоварди дипломатӣ ва масъулияти бузург аст
Оид ба омӯзиши яхбандии абадӣ экспедитсияи байналмилалии илмӣ-таҳқиқотӣ анҷом дода шуд
ПИРЯХШИНОСӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Оид ба марҳилаҳои эҳё, рушд ва пешсафии ин соҳа дар арсаи ҷаҳон
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО: МУАРРИФИИ МИЛЛАТИ АРҶГУЗОР БА ИЛМУ ДОНИШ. Мулоҳизаҳо дар ин хусус
ИСТИФОДАИ ДУРУСТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Андешаҳо дар ин маврид