Дар Душанбе доир ба забони русӣ — забони сулҳу гуфтугӯйи байналмилалӣ конференсияи илмӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 30.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 31 октябр, соати 10:00 дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Забони русӣ — забони сулҳу гуфтугӯйи байналмилалӣ» конференсияи илмӣ-амалӣ доир мегардад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Академияи миллии илмҳо.
Дар конференсия олимони русшинос, намояндаи Сафорати Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, мавқеи забони русиро дар илми муосир баррасӣ менамоянд.
Бояд гуфт, ки бо қарори Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли 2023 дар мамлакатҳои иттиҳод Соли забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо эълон шудааст.
Дар ҷаҳон 250 миллион нафар бо забони русӣ ҳарф мезананд. Забони русӣ яке аз 6 забони расмии Созмони Милали Муттаҳид мебошад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад






