Дар Душанбе Форуми иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистон ва Қатар доир гардид

Октябрь 20, 2023 11:32

ДУШАНБЕ, 20.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. 19 октябр дар доираи сафари расмии ҳайати Давлати Қатар ба Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Ашурбой Солеҳзода ва Роҳбари бахши сармоягузориҳои Осиё ва Африқо дар Идораи сармоягузории Қатар, раиси Шурои директорони ширкати «Ooredoo Group» — Шайх Файсал ибни Сонӣ Оли Сонӣ Форуми иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистон ва Қатар баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисоди ҷумҳурӣ хабар доданд.

Зимни форум ҷонибҳо иброз намуданд, ки сафари давлатии Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 июни соли равон ва мулоқотҳои хосса бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муносибатҳои дуҷонибаи байни давлатҳо саҳифаи нав кушод.

Дар ҷараёни форум имконоти сармоягузории Тоҷикистон, имконияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, рӯнамоҳои лоиҳаҳои афзалиятнок аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Саридораи геология, ҶДММ «Авесто Гурӯҳ», ҶСК «Ширкати алюминийи Тоҷикистон (ТАЛКО)» ва ҶДММ «Ғаюр Гурӯҳ» муаррифӣ гардид.

Илова бар ин ҷиҳати ҷалби маблағҳои қатарӣ дар якчанд лоиҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла «Фурудгоҳи байналмилалии мусофирбарӣ ва боркашонии Данғара», модернизатсияи «Корхонаи алюминийи Тоҷикистон (ТАЛКО)», сармоягузорӣ барои сохтмони «Неругоҳи барқи обии Роғун», «Неругоҳи барқи обии Шӯроб» ва таъсиси Маркази логистикӣ барои коркард, бандубаст, нигоҳдорӣ ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ пешниҳод гардид.

Дар навбати худ Шайх Файсал ибни Сонӣ Оли Сонӣ ва ҳайати Давлати Қатар лоиҳаҳои аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳодшударо хуш пазируфта, омодагии худро ҷиҳати оғози ҳамкорӣ дар татбиқи онҳо иброз намуд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои боз ҳам густариш додани ҳамкории дуҷониба ва таъмини майдони муколамаи доимӣ баён намуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 20, 2023 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд