Дар Душанбе маросими ҷамъбаст ва ҷоизасупории Ҷашнвораи ҳафтуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» доир гардид
ДУШАНБЕ, 30.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 29 октябр дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикитон ва меҳмонону иштирокчиён маросими ҷамъбасти Ҷашнвораи ҳафтуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанг хабар медиҳад.
Дар маросим директори Театри лӯхтак ва тамошобини ҷавони шаҳри Шимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон Самат Алтаев, директори Театри вилоятии лӯхтаки шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Узбекистон Юлдош Генҷаев ва ҳунарпешаи Театри лӯхтаки «Димак»-и шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон Дориюш Муаддабиён аз раванди баргузории ҷашнвора, самимият ва меҳмоннавозии мардуми тоҷик изҳори хурсандӣ намуда, ба Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҳкими муносибатҳои фарҳангию иҷтимоӣ ва рушди робитаҳои дӯстонаи байни миллатҳо бо арзи эҳтиром миннатдорӣ баён доштанд.
Меҳмонон ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе низ ҷиҳати баргузории чунин ҷашнвораи бузург изҳори сипос намуда, Ҷашнвораи ҳафтуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» -ро беҳтарин фурсат барои эҳёи фарҳангу ҳунар, тақвияти дӯстию бародарӣ ва таҳкими пайвандҳои мухталифи ақвоми минтақа номиданд.
Иштирокчиёни ҷашнвораи байналмилалӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар ҷашнвораи байналмилалӣ театрҳои лӯхтаки Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Узбекистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Туркманистон иштирок намуданд.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








Намоишномаи «Робиаи Балхӣ» дар Фестивали байналмилалии театрӣ дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Библиомарафон» баргузор гардид
Дар Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор шуд
Ҳунармандони тоҷик дар Фестивали сеюми ҷаҳонии фарҳангии Карочӣ иштирок намуданд
Китоби «Забони миллат — ҳастии миллат»-и Президенти Тоҷикистон бо нуҳ забони хориҷӣ тарҷума ва нашр карда шуд
Ҳамкории Осорхонаи миллӣ бо муассисаҳои соҳавии Ҷумҳурии Корея густариш меёбад
Дар шаҳри Хуҷанд Фестивали оши палав ҷамъбаст шуд
Беҳтарин китобҳои тозанашри Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ пешниҳод гардид
Дар Қазон масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Тотористон баррасӣ гардид
Доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ конфронси байналмилалӣ баргузор мешавад
«ДОИРАБАЗМ». Дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии созҳои зарбӣ баргузор мешавад
Нахустнамоиши филми муштараки Тоҷикистону Узбекистон «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баргузор шуд






