Дар Душанбе нақши глобалии Созмони ҳамкории Шанхай баррасӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 17.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 18 октябр дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Афзалияти раёсати Ҷумҳурии Қазоқистон дар Созмони ҳамкории Шанхай: баланд бардоштани нақши глобалии созмон, таҳкими дӯстӣ ва ҳамкорӣ дар фазои СҲШ» ҳамоиш баргузор мегардад, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Дар доираи ҳамоиш намоишгоҳи «Қазоқистон ва СҲШ: марҳилаҳои масири калон» баргузор мегардад.
Дар ҳамоиш ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода, Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Чжан Минг, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валихан Туреханов иштирок менамоянд.
Зимни ҳамоиш оид ба масъалаҳои вусъат додани ҳамкории сиёсӣ, иктисодӣ ва илмию техникӣ ба манфиати мардумон ва тамоми минтақа мубодилаи афкор доир мешавад.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд






