Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Федератсияи Русия доир мегардад

Октябрь 14, 2023 14:19

ДУШАНБЕ, 14.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 15 октябр дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои кинои Русия баргузор мешавад, ки он дар  доираи баргузории Синамоҷашнвораи якуми Байналмиллалии Душанбе доир мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Чорабинии мазкур дар Кинотеатри «Наврӯз» доир гардида,  соати 18-00 оғоз меебад. Иштирокдорони ин чорабиниро барномаи хуби фарҳангӣ интизор аст.

Ҳамзамон дар ин рӯз филми ҳунарии «Аз чашм дуру ба дил наздик» (Далёкие близкие) намоиш дода мешавад.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дод,   Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» аз 15 то 19 октябри соли 2023 баргузор шуда,  он таҳти шиори «Таърихи рушди тоҷикон» мегузарад.

Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» ба Рўзи кинои тоҷик бахшида шуда,  бо ибтикори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» доир мегардад.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи синамоҷашнвораи байналмилалӣ ҳамчунин баргузории чорабиниҳои зерин:  нишасти матбуотӣ, Форуми байналмилалӣ бахшида ба 120-солагии коргардон, ҳунарпеша ва асосгузори кинои тоҷик Комил Ёрматов таҳти унвони «Эҳёи синамо»   бо иштироки   синамогарон, киношиносон ва мутахассиони соҳа, Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Узбекистон дар Тоҷикистон, Намоиши аксҳо бахшида ба шаҳри Душанбе таҳти унвони «Шаҳри ман-хонаи ман», дарси «Устод ва шогирд» барои омӯзандагони Мактаби синамогарони ҷавон «Навомӯз» ба номи Муҳаббат Сатторӣ ва ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар назар аст.

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 14, 2023 14:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд