Дар Душанбе вобаста ба мавқеи Тоҷикистон дар муқовимат бо экстремизми динӣ ва терроризми байналмилалӣ конференсия доир мешавад

Октябрь 2, 2023 14:04

ДУШАНБЕ, 02.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 6 октябр дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқовимат бо экстремизми динӣ ва терроризми байналмилалӣ» конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар конференсия иштироки олимон, коршиносон, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ ва коршиносони мустақил дар назар дошта шудааст.

Мавзуъҳои «Масоили мубориза бо экстремизми динӣ ва терроризми байналмилалӣ дар паёмҳо ва суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон», «Таҳдидҳо ва хатарҳои муосир ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ», «Иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқовимат ба таҳдидҳои терроризми байналмилалӣ, ифротгароии динӣ ва қочоқи маводи мухаддир дар доираи Созишномаи ҳамкории Шанхай», «Фаъолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини сулҳ, амният ва суботи минтақа дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ», «Нақши Маркази зидди террористии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мубориза бо таҳдидҳо ва хатарҳои муосир ва саҳми Тоҷикистон дар он» ва ғайра мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 2, 2023 14:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид
Ноҳияи Муъминобод нақшаи даъвати баҳориро дар рӯзи якум пурра иҷро намуд