Дар Хонаи дӯстии Ассамблеяи халқҳои Қазоқистон гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон ифтитоҳ шуд

Октябрь 7, 2023 13:11

ДУШАНБЕ, 07.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар Хонаи дӯстии Ассамблеяи халқҳои Қазоқистон  бо ибтикори   Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.

 АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон иттилоъ медиҳад, ки  дар маросими ифтитоҳи гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Хайрулло Ибодзода, сардори Раёсати Осиёи Марказии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Темирбек Каппасов ва намояндаи ҳукумати шаҳри Остона  сухан намуданд.

Ҳамчунин дар ҳамоиш намояндагони корпуси дипломатии муқими Қазоқистон ва ҷамъияти тоҷикон  иштирок намуданд.

Сафири Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода оид ба эҳё ва рушди  мероси фарҳангии тоҷикон сухан  намуда, иброз дошт, ки ҳадаф аз таъсиси гӯшаи фарҳангииТоҷикистон  муаррифии фарҳанги мардуми тоҷик, расму ойин ва дигар  анъанаҳои миллӣ мебошад.

Дар гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон дар шаҳри Остона сӯзанӣ, созҳои мардумӣ, либосҳои миллӣ аз атлас, гулдӯзӣ, чакан, ҳунари кандакорӣ, расмҳои манзараҳои Тоҷикистон ва ҳунарҳои мардумӣ ба маъраз гузошта шуданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон

Октябрь 7, 2023 13:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҳамкории судманди Тоҷикистон ва сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Ҷониби Тоҷикистон аз баргузории муваффақонаи раъйпурсии ҷумҳуриявӣ дар Қазоқистон истиқбол намуд
Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вена мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон дар Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Берлин 2026 иштирок намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи нуфус ва рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо муовини Котиби кулли Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар шимолу ғарби Русия вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Ленингради Русия мулоқот намуд