Дар Хонаи дӯстии Ассамблеяи халқҳои Қазоқистон гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
ДУШАНБЕ, 07.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар Хонаи дӯстии Ассамблеяи халқҳои Қазоқистон бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон иттилоъ медиҳад, ки дар маросими ифтитоҳи гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Хайрулло Ибодзода, сардори Раёсати Осиёи Марказии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Темирбек Каппасов ва намояндаи ҳукумати шаҳри Остона сухан намуданд.
Ҳамчунин дар ҳамоиш намояндагони корпуси дипломатии муқими Қазоқистон ва ҷамъияти тоҷикон иштирок намуданд.
Сафири Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода оид ба эҳё ва рушди мероси фарҳангии тоҷикон сухан намуда, иброз дошт, ки ҳадаф аз таъсиси гӯшаи фарҳангииТоҷикистон муаррифии фарҳанги мардуми тоҷик, расму ойин ва дигар анъанаҳои миллӣ мебошад.
Дар гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон дар шаҳри Остона сӯзанӣ, созҳои мардумӣ, либосҳои миллӣ аз атлас, гулдӯзӣ, чакан, ҳунари кандакорӣ, расмҳои манзараҳои Тоҷикистон ва ҳунарҳои мардумӣ ба маъраз гузошта шуданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон








Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск бо донишҷӯёни тоҷик ва намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими минтақаи Сибир мулоқот намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Озарбойҷон муаррифӣ гардид
Густариши робитаҳои корӣ байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва вилояти Кургани Русия баррасӣ гардид
Дар Минск имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Дар Душанбе нашри олмонии китоби «Тоҷикон» муаррифӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини Президенти Эрон вохӯрӣ намуд
Дар Москва бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург бо муовини губернатори вилояти Курган мулоқот намуд
Дар Миср китоби «Тоҷикистон-гаҳвораи таърих ва тамаддун дар Мовароуннаҳр (Осиёи Марказӣ)» муаррифӣ гардид
Масоили рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об байни Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дар Санкт-Петербург вохӯрии намояндаи бахши тиҷоратии Тоҷикистону Русия баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Осимаи Кувайт вохӯрӣ намуд






