Дар Хоруғ дӯкони фурӯши китобу маҷалла ва рӯзномаҳо кушода шуд

Октябрь 10, 2023 13:53

ДУШАНБЕ, 10.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 9 октябр бо иштироки роҳбарияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ ва муовини котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ дӯкони китобфурӯшӣ ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар медиҳад.

Иброз шуд, ки имсол дар  Рӯзи матбуоти тоҷик як гурӯҳ рӯзноманигорони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пешниҳод намуда буданд, ки дар шаҳри Хоруғ барои ба фурӯш гузоштани китобҳое, ки шоирону нависандагони вилоят ба нашр мерасонанд, дӯкони китобфурушӣ таъсис шавад.

Масъули таъмини китоби ин дӯкон, собиқ рӯзноманигор Сабоҳат Донаёрова иброз дошт, ки «теъдоди китобҳои дар дӯкон мавҷуда зиёда аз 500 дона буда, барои ба хонандагон дастрас намудани адабиёти зарурӣ тамоми талошашонро ба харҷ медиҳанд, то дар пешрафти ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи донишомӯзии ҷавонону маърифатнокии онҳо ҳисса гузоранд».

Таъсиси чунин дӯконҳои фурӯши китоб ба баланд гардидани савияи дониш ва маънавиёти хонандагон, бештар рӯ овардани онҳо ба китоб ва китобхонӣ ва иштироки онҳо дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи донои китоб аст» мусоидат менамояд.

Давоми  32 соли соҳибистиқлолии мамлакат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди анъанаи китобдориву китобхониро яке аз самтҳои умдаи сиёсати фарҳангӣ қарор дода, дар ин самт корҳои назаррас ба сомон расонид. Далели ин гуфтаҳо баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мебошад, ки таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсил ва шаҳрвандони мамлакат доир мегардад.

Тибқи иттилои масъулини кумитаи тадорукоти баргузории озмунҳои вилоят, имсол аз 1482 иштирокчии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи донои китоб аст» 310 нафар ба даври вилоятӣ роҳхат гирифта, 82 нафар ҳуқуқи иштирок дар даври ҷумҳуриявиро соҳиб гардиданд.

Дар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» 342 нафар аз рӯйи панҷ номина иштирок намуда, 90 нафар ба даври сеюм роҳхат гирифтанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ

Октябрь 10, 2023 13:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Қалъаи бостонии Ҳисорро тамошо намуданд
Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот аз олам даргузашт
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид
Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт