Дар Хуҷанд оид ба пешгирии ҳолатҳои ифшои сирри давлатӣ дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма машварат доир шуд

Октябрь 14, 2023 08:37

ДУШАНБЕ, 14.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хуҷанд дар мавзуи «Пешгирии ҳолатҳои ифшои сирри давлатӣ дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» дар доираи Барномаи давлатии таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» машварати омӯзишӣ доир  шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Машварат бо мақсади пешгирии ифшои сирри давлатӣ ва дигар иттилооти дастрасиаш маҳдуд дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.

Дар машварат тазаккур дода шуд, ки дар доираи сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри фаъолияти бонизоми воситаҳои ахбори омма заминаҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва дигар шароити созгори корӣ фароҳам оварда шудаанд. Дар ин замина воситаҳои ахбори омма бо фаъолияти самарабахши худ баҳри рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ нақши босазо мегузоранд.

Тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари пешниҳоди доираи васеи салоҳият ва ҳуқуқу озодиҳо барои воситаҳои ахбори омма, инчунин масъулияти мушаххас барои мутобиқ ба талаботи қонунгузорӣ будани маводи чопшуда, махсусан пешгирии ифшои иттилооти дастрасиаш маҳдуд дар онҳо пешбинӣ гардидааст, ки ин аз таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар ин самт сарчашма мегирад.

Дар ҷараёни машварат мутахассисони соҳа доир ба нозукиҳои пешгирии ифшои сирри давлатӣ дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма, тартиби дурусти ташхиси маводи омодашуда пеш аз чопи он, инчунин тадбирҳои ҷавобгарии қонунӣ зимни ифшои сирри давлатӣ дар маводи чопӣ андешаронӣ намуданд.

Яке аз роҳҳои афзалиятноки пешгирии ишфои сирри давлатӣ дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма- ин баргузории чорабиниҳои омӯзишӣ ва тибқи талаботи қонунгузорӣ сари вақт ба мақомоти ваколатдори давлатӣ расонидани нусхаҳои ройгони маводи чопӣ шуморида шуда, мушкилиҳои ин самти фаъолият баррасӣ гардиданд.

Дар охири машварат ба иштирокчиён санадҳои меъёрии ҳуқуқии ин самти фаъолият ва дигар маводи зарурӣ дастрас шуда, тасмим гирифта шуд, ки робитаи байни Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ бо масъулини матбуот ва дигар воситаҳои ахбори оммаи вилоят баҳри мақсаднок амалӣ намудани фаъолият тақвият бахшида шавад.

АКС: Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 14, 2023 08:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкории амниятиро барои муқовимат ба таҳдидҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад