Дар Марокаш машварати мудирони Хазинаи байналмилалии асъор аз давлатҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 16.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода дар ҳошияи ҷаласаҳои солонаи Хазинаи Байналмилалии Асъор/ХБА/ ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар шаҳри Марокаш дар машварати мудирони ин Хазина аз давлатҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.
Дар машварат ба мудирони Хазинаи Байналмилалии Асъор аз давлатҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ шарҳи вазъи монетарии минтақа манзур гардид.
Инчунин масъалаҳои марбут ба таъсири афзоиши меъёрҳои фоизӣ ба низоми бонкӣ, имконоти васеъ намудани заминаи сармоягузории дохилии давлатҳо ҷиҳати коҳиш додани хавфҳо, пурзӯр намудани танзим ва назорати бонкҳои давлатӣ барои таъмини суботи молиявӣ, инчунин танзим ва ҳамоҳангсозии тадбирҳои макропруденсиалӣ ва зиддибуҳронӣ баррасӣ шуданд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Сардори Хадамоти алоқа дар Конгресси ҷаҳонии мобилӣ дар Испания иштирок намуд
Ҷаласаи ёздаҳуми Шурои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5749 то 9.6500 сомонӣ муқаррар шудааст
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои Роғун, Ваҳдат, Файзобод ва Варзоб муаррифӣ карда шуд
Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд
Дар Вазорати молияи Тоҷикистон татбиқи лоиҳаҳои нақлиёту энергетика баррасӣ гардид
Дар Палатаи ҳисоб оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия машварат баргузор шуд
Дар Душанбе Протоколи ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон ба имзо расид
Татбиқи лоиҳаҳои Бонки исломии рушд дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
БА ТАВАҶҶУҲИ РОНАНДАГОН! Набудани бимаи суғурта ва корти ташхиси техникӣ минбаъд тавассути дурбинҳо сабт карда мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон дар самти рушди инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид






