Дар ноҳияи Мастчоҳ маркази хизматрасонии «Спитаменбонк» ба фаъолият оғоз намуд
ДУШАНБЕ, 08.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 5 октябр дар шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ маркази хизматрасонии «Спитаменбонк» ба фаъолият шуруъ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ.
Маркази хизматрасонии бонкии «Спитаменбонк» бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ барои хизматрасонии босифати мизоҷон бо роҳи пешниҳоди доираи васеи амалиёти бонкӣ, аз ҷумла бастани шартномаҳо барои пешниҳоди хизматрасонии бонкӣ, кушодани суратҳисобҳо, интиқоли маблағ, пешниҳоди қарзҳои дарозмуддату кӯтоҳмуддат бо фоизи паст ва пешниҳоди кортҳои пардохтӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Ҳамзамон дар ин марказ 8 нафар бо ҷойи кор таъмин гардидаанд.
Дар ноҳияи Мастчоҳ намояндагии 6 бонки давлативу тиҷоратӣ фаъолият менамоянд, ки дар нуҳ моҳи соли равон барои рушди соҳибкорӣ, кишоварзӣ, чорводорӣ ва дигар намудҳои хизматрасонӣ зиёда аз 98 миллион сомонӣ қарз пешниҳод намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 10 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
АКС: Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ








Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе Фестивали саводнокии молиявӣ мегузаронад
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1150 то 0.1168 сомонӣ муқаррар шудааст
Рисолати «Амонатбонк» ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва кафолати хизматрасонии босифати бонкӣ аст
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад






