Дар ноҳияи Шаҳринав бо анъанаи неки кулчагазон наваскарон ба хизмати Ватан равон шуданд

Октябрь 4, 2023 14:12

ШАҲРИНАВ, 04.10.2023 /АМИТ «Ховар»/.  3 октябр дар Комиссариати ҳарбии ноҳияи Шаҳринав ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои таваллуди 1996-2005 ба хизмати ҳарбӣ» Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид. Зимни он   ҷавонони шуҷои ноҳияро бо анъанаи неки маросими кулчагазон  ва дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ  равон намуданд. Дар ин хусус дар  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ доданд.

Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон такягоҳи боэътимоди давлат ва сипари пуриқтидори миллат мебошад. Ташкил ва таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як давраи кӯтоҳ ва хеле душвор ба вуқуъ пайваст. Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам аз лиҳози таъминоти моддию техникӣ ва ҳам аз ҷиҳати қудрату тавоноӣ, маҳорати ҳарбӣ ва интизоми ҳайати шахсӣ аз солҳои пешин афзалияти зиёду бештар доранд. Мояи ифтихору фараҳмандӣ аст, ки имрӯз мамлакати мо тамоми марзи сарҳади давлатиро пурра бо қувваи худ муҳофизат менамояд. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мактаби олии обу тоби зиндагӣ ва касби камолот мебошад.

Собиқадори меҳнат Музаффар Дадабоев гуфт, ки «маҳз бо шарофати ҷасорати касбӣ,  садоқату ҷоннисорӣ ва хизматҳои шабонарӯзии афсарону сарбозон дар ҷомеаи мо сулҳу субот пойдор буда, мардум осоишта меҳнат ва зиндагонӣ менамоянд. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мактаби ҳақиқии ҷавонмардӣ ҷавононро аз лиҳози сиёсиву ҳарбӣ ва ҷисмонӣ тарбия ва ба сифати муҳофизи Ватан омода менамоянд».

Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки имрӯзҳо дар сафи Артиши миллӣ садҳо ҷавонони бонангу номус аз ноҳияи Шаҳринав адои хизмат доранд, ки сарбаландии волидон ва намунаи ибрати насли ҷавон мебошанд.

Бо боварии комил гуфта метавонем, ки наваскарони ноҳия бо сари баланд ва нангу номуси ҷавонмардона қарзи шаҳрвандии худро дар назди Ватан-Модар адо менамоянд.

Дар фарҷоми маросим баҳри болидахотирии наваскарон аз ҷониби ҳунармандони бахши фарҳанги  ноҳия барномаи консертӣ пешкаш гардид.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав

Октябрь 4, 2023 14:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо нақлиёти махсуси оташнишонӣ таъмин гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ Александр Баженов вохӯрӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Дмитрий Гора мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қирғизистон ва Қазоқистон мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон Камран Алиев мулоқот намуд
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 55 фоиз иҷро шуд
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 76 фоиз иҷро гардид
Дар шаҳри Ҳисор Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони ноҳияи Деваштичро ба хизмати ҳарбӣ гусел карданд
Ҷавонони шаҳри Ваҳдатро бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ гусел намуданд