Дар шаҳри Хоруғ ҷашни Меҳргон бо шукуҳи хосса таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 21.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. 20 октябр дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — шаҳри Хоруғ ҷашни Меҳргон бо шукуҳ ва шаҳомати хосса таҷлил гардид. Ба ин муносибат дар майдони Исмоили Сомонӣ намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар медиҳад.
Дар ҷамъомад таъкид гардид, ки Меҳргон дар радифи пуршукуҳтарин ҷашнвораҳои аҷдодии мардуми мо қарор дошта, аз замонҳои пеш маншаъ мегирад. Меҳргон рамзи тирамоҳи зарнисор, айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин коштаи марди деҳқон мебошад. Ба ҷашни Меҳргон истиқлолият умри дубора бахшид.
Гуфта шуд, ки Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳояшон дар бораи иди Меҳргон таъкид доштанд, ки «мувофиқи ойини гузаштагонамон, дар рӯзҳои ҷашни Меҳргон маросими зиёде баргузор мегардид, зеро дар давраҳои бостон шуғли аксарияти одамон кишоварзӣ буд. Аз ин рӯ, пас аз ғунучини ҳосил барои баргузор намудани ҷашну шодӣ ва истироҳати кишоварзон замони муносиб будааст».
Дар идомаи ҷамъомад иброз гардид, ки халқи мо аз қадим ба арзишҳои фарҳангию оинҳои хеш эътимод дошта, ҳар унсури устуравию суннатҳои мардумиашро дар ҳофизаи фарҳангии худ ҳифз намуда, бо асолати инсондӯстонааш то пайдо шудани осори навишторӣ нигоҳ доштааст. Наврӯз ва Меҳргон аз ҷумлаи чунин идҳо мебошанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон










ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд






