Дар шаҳри Ҳисор омодагиҳо ба мавсими сармо дар сатҳи зарурӣ қарор дорад

Октябрь 9, 2023 10:19

ДУШАНБЕ, 09.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. То 29 сентябр дар анбори ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди ҳудуди шаҳри Ҳисор, аз ҷумла «Хубҷамъинвест», «Суғдиён», «Хизмат-1», «Самоҳ», «Суҳробшоҳ» ва «Ҳоҷӣ Юсуф» ба миқдори 884 тонна орд, 90 тонна гандум, 13 тонна биринҷ, 31,4 тонна равған ва 15 тонна макарон захира шудааст. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» котиби ситоди зимистонгузаронӣ, мудири шуъбаи ҳифзи иҷтимоӣ, ислоҳоти иқтисодӣ ва савдои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор  Абдураҳмон Ҳайбуллоев иттилоъ дод.

Тавре сартабиби беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор Илҳомҷон Қараев зимни суҳбат иброз намуд, дар соҳаи тандурустӣ захираи  17,0 метри мукааб ҳезум ва 1050 литр сӯзишвории дизелӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар соҳа 18 генератори барқдиҳанда, 200 печи барқӣ ва 164 печи аловӣ дар ҳолати корӣ қарор дошта, 34 корхона, ки ба соҳаи тандурустӣ тааллуқ доранд, бо хати тозаи барқ таъмин мебошанд.

Мудири маорифи шаҳри Ҳисор Беҳзод Баротзода иброз намуд, ки барои эҳтиёҷоти муассисаҳои соҳаи маориф бо маводи сӯхт ба миқдори 2216,5 тонна ангишт, 1304,9 метри мукааб ҳезум ва 11 ҳазор литр сӯзишвории дизелӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ба ҳолати 29 сентябр дар соҳа 1374 тонна ангишт, 724 метри мукааб ҳезум ва 2126 литр сӯзишвории дизелӣ захира шуда, нисбат ба нақша таъминоти ангишт 65 фоиз, ҳезум 55 фоиз ва сӯзишвории дизелӣ 20 фоиз зиёд аст. Ҳамчунин дар муассисаҳои соҳаи маориф аз 42 буғхона 14-тояш дар ҳолати корӣ қарор дошта, 166 гармкунаки барқӣ ва 2717 печи аловӣ омодаи кор ҳастанд. Нақшаи шишабандӣ, ки 268 метри мураббаъро дар бар мегирифт, пурра иҷро шудааст.

Бояд гуфт, ки дар бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ба миқдори 33,3 тонна ангишт захира шудааст, ки нисбат ба нақша 100 фоизро ташкил дода, 1 буғхона ва 47 гармкунаки барқӣ дар ҳолати корӣ қарор доранд. Хариди ангишт дар доираи маблағҳои пешбинигардида аз буҷети маҳаллӣ ба ташкилоту муассисаҳои буҷетии шаҳр ба инобат гирифта шуда, дар доираи меъёрҳои муқарраргардида бо пешниҳоди санади комиссияи тендерӣ амалӣ мешавад. Таъминоти ангиштро ба ташкилоту муассисаҳои буҷетии шаҳр имсол ҶДММ «Ганҷик» ва ҶДММ «Сипеҳри Ватан» ба уҳда доранд.

Ба иттилои котиби ситоди зимистонгузаронӣ, мудири шуъбаи ҳифзи иҷтимоӣ, ислоҳоти иқтисодӣ ва савдо Абдураҳмон Ҳайбуллоев, ҷиҳати кам намудани талафот ва нигаҳдории меваю сабзавот дар шаҳр 39 сардхона барои нигаҳдории 9305 тонна маҳсулоти кишоварзӣ бунёд шудааст. Ба ҳолати имрӯза дар ин сардхонаҳо ба миқдори 2350 тонна маҳсулот захира шудааст, ки аз он 1960 тонна пиёз, 45 тонна картошка ва 345 тоннаашро  меваро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон доир ба захираи хӯроки чорво барои омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Ҳисор ба миқдори 325 ҳазору 313 тонна хӯроки дурушт ва 40 ҳазору 35 тонна хӯроки ширадор захира шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд аст.

Бо мақсади омода намудани хатҳои интиқоли барқ ва таҷҳизоти барқӣ дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 аз ҷониби шабакаҳои барқи шаҳри Ҳисор илова намудани равғанҳои трансформаторӣ ба миқдори 1,1 тонна, иваз намудани ҷудокунакҳои ростпайванд бо шумораи 12 адад, иваз намудани симчӯбҳои корношоям бо шумораи 25 адад, иваз намудани ноқилҳои пӯлодӣ ва алюминӣ дар масофаи 3 км ва иваз намудани ҷудокунаки 0,4 кВ бо шумораи 16 адад ба нақша гирифта шудааст.

Котиби ситоди зимистонгузаронӣ изҳор намуд, ки дар Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳр захираи 850 метри мукааб маводи зидди лағжиш, 2000 литр сӯзишвории дизелӣ, 8 метри мукааб ҳезум ва 5 тонна ангишт ба нақша гирифта шудааст.

Дар ин раванд аз ҷониби Муассисаи давлатии ободонӣ ва сабзазоркунӣ 5 техника омодаи кор буда, барои гузаронидани мавсим ба миқдори 10 тонна қуму намак захира шудааст.

Нарзулло АЛИЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 9, 2023 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Шарҷа масъалаи тақвияти ҳамкории иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб баррасӣ гардид
Ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар соли 2025 доир шуд
Имконоти гидроэнергетикии Тоҷикистон дар Конфронси 29-уми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Шарҷа муаррифӣ гардид
Пахтакорӣ яке аз бахшҳои муҳими соҳаи кишоварзии ноҳияи Данғара ҳисобида мешавад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Имсол ба вилояти Хатлон беш аз 900 ҳазор сайёҳ ташриф овардааст
Раванди омодагӣ ба Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» баррасӣ шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисорӣ дар Беларус иштирок намуд
Тоҷикистон ва Чин тасмим гирифтаанд, ки ҳамкориро дар соҳаи обуҳавошиносӣ тақвият диҳанд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Эрон масъалаҳои иҷрои протоколи Комиссияи муштараки байниҳукуматиро баррасӣ намуданд
Татбиқи марҳилаи чоруми Лоиҳаи метеорологии Финляндия ва Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об дар ҷаласаи Конфронси исломии вазирони масъул оид ба масъалаҳои об дар Ҷидда баррасӣ гардид
Дар ноҳияи Восеъ иншооти таъйиноти гуногун мавриди истифода қарор гирифтанд