Дар Шаҳринав ғолибони озмунҳои «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» қадрдонӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 14.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 12 октябр дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав маросими қадршиносиву ҳавасмандгардонии ғолибони даври ҷумҳуриявии Озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ва даври ноҳиявию минтақавии Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав.
Таъкид гардид, ки бо ибтикор ва ташаббусҳои хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории якчанд озмуни ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фурӯғи маърифат», ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» ва «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ба болоравии сатҳи маърифату маънавиёти мардум мусоидат намуда, сабаби зиёдшавии теъдоди китобхонону китобдӯстдорон гардидааст. Зеро китоб дар рушду инкишофи тафаккури миллӣ ва таҳкими истиқлолият нақши басе бузург дорад.
Дар даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 2 ҳазору 464 нафар иштирокчӣ сабт шуда, аз ин шумора 48 нафар ба даври минтақавӣ роҳ ёфта, 7 нафари дигар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт.
Мояи ифтихор ва сарфарозӣ аст, ки дар даври ҷумҳуриявии Озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», ки аз 1 то 5 октябр доир гардид, аз ноҳияи Шаҳринав 4 нафар ғолиб шуда, соҳиби ҷоиза ва мукофотҳои пулӣ гардиданд.
Пиров Амрулло- сазовори ҷойи 1-ум дар номинатсияи навозандагӣ, жанри эстрадӣ ба маблағи 35 ҳазор сомонӣ, Манижа Аҳматова- сазовори ҷойи 3-юм дар номинатсияи дизайн, жанри дизайни мӯд ва бофандагии бадеӣ, Амриддин Мукаррамов- сазовори ҷойи 3-юм дар номинатсияи сарояндагӣ, жанри анъанавӣ ва Фирӯзҷон Маҷидов- сазовори 3-юм дар номинатсияи композиторӣ, жанри академӣ- ҳар кадомашон соҳиби 15 ҳазор сомонӣ маблағ гардиданд.
Дар фарҷом ба иштирокдорону ғолибони озмунҳо Сипоснома, Ифтихорнома ва туҳфаҳои пулии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав супорида шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав








Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






