Дар Теҳрон маросими рӯнамоии ҷилди дуюми китоби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат – ҳастии миллат» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 06.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон – шаҳри Теҳрон маросими рӯнамоии ҷилди дуюми китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Забони миллат – ҳастии миллат” ( «Забон ва замон»), баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.
Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон Низомиддин Зоҳидӣ дар ибтидои нишаст ёдовар шуд, ки чопи ҷилди аввали китоби «Забони миллат-ҳастии миллат» дар соли 2019 дар Эрон мавриди истиқболи гарми аҳли илму адаби кишвари дӯст қарор гирифта буд. “Нашри ҷилди дувуми ин китоб низ рӯйдоди муҳим дар ҳамкории фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон буда, “Забони миллат – ҳастии миллат” бо ҳадафи таҳқиқу шинохти сайри таърихии забони тоҷикӣ аз даврони бостон то замони муосир ва эҳёи мақом ва манзалати таърихии забони тоҷикӣ ба унвони муҳимтарин рамзи истиқлоли давлатии Тоҷикистон таълиф шудааст”, иброз намуд сафир.
Дар суханрониҳои худ Раиси Фарҳангистони забон ва адаби форсии Эрон Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил, намояндаи Маҷлиси Шурои исломӣ ва Раиси гурӯҳи дӯстии парлумонии Эрон ва Тоҷикистон Ҷалил Раҳимии Ҷаҳонободӣ, Раиси Анҷумани осор ва мафохири фарҳангӣ Маҳмуди Шолуӣ, Раиси Муассисаи «Мероси мактуб» Акбари Эронӣ, шоир ва муҳаққиқи маъруф Алиризо Қазва, сафири собиқи Эрон дар Тоҷикистон, узви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст, донишманди маъруфи афғонистонӣ, узви пайвастаи Фарҳангистони забону адаби форсӣ Сарвари Мавлоӣ, устоди Донишгоҳи омӯзгории Теҳрон Иброҳими Худоёр шоистагиҳои илмӣ ва маърифатии китоби «Забони миллат — ҳастии миллат»-ро изҳор намуданд.
Дар ин росто иброз гардид, ки ҷои чунин таҳқиқи ҷомеъ ва фарогир дар забоншиносии Эрону Афғонистон холӣ аст ва иқдоми муаллифи “Забони миллат – ҳастии миллат” дар пажӯҳиши марҳилаҳои пайдоиш ва рушду такомули забони муштараки халқҳои тоҷикзабон шоистаи пайравии донишмандони ин давлатҳо аст.
Фармудаи ҳакимонаи Пешвои миллат — «Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад», ки зинатбахши оғози ҷилди дуюми китоби «Забони миллат — ҳастии миллат» аст, мавриди ҳамовозии суханронони маросими рӯнамоӣ қарор гирифт ва дар ин замина зарурати талошҳои муассир барои ҳимояти забони муштараки давлатҳои ҳамзабон аз газандҳои замони ҷаҳонишавӣ таъкид гардид.
Суханронони маросими рӯнамоӣ саҳми бузурги Президенти Тоҷикистон, Ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҳимоят аз забон, фарҳанг ва маънавияти ниёгон таъкид ва изҳори итминон намуданд, ки нашри форсии китоби “Забони миллат – ҳастии миллат” мояи таҳкими дӯстиву бародарӣ ва тавсеаи ҳамкории илмиву фарҳангӣ байни мардумони Тоҷикистон ва Эрон хоҳад буд.
Дар поёни маросим меҳмонон бо гӯшаи китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шинос шуданд.
Китоб бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон дар Эрон ба хатти форсӣ баргардон ва дар интишороти “Орван” ба нашр расидааст.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








«Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қазоқистон барои солҳои 2026–2028» ба имзо расид
Котиби кулли Конвенсияи Рамсар ба Конфронси 4-уми оби Душанбе даъват шуд
Дар Анқара масъалаи баргузории чорабиниҳои фарҳангию илмӣ барои соли 2026 дар Тоҷикистон ва Туркия баррасӣ гардид
Шараф Шерализода бо Роҳбари Дафтари Федералӣ оид ба кишоварзӣ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли идораи амвол ва биноҳои Вазорати корҳои хориҷии Эрон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар мулоқоти Сергей Лавров бо раисони кумитаҳои парламентҳои давлатҳои аъзои СААД иштирок намуд
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд
Ширкати австриягии «Andritz Hydro GmbH» барои густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон изҳори омодагӣ кард
Дар Душанбе дурнамои рушди муносибатҳо байни Тоҷикистону Қазоқистон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Австрия мулоқот намуд
Дар Берлин имконоти ҳамкории иқтисодии Олмон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд
Дар Берлин нахустин нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон дар қолаби «С5+1» доир гардид






