ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара нақшаи даъвати ҳарбиро ҷамъбаст намуданд
ДУШАНБЕ, 01.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзи нахустини даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ нақшаи даъват дар ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара барзиёд таъмин гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара хабар доданд.
Муддати панҷ сол аст, ки дар рӯзи аввал нақшаи даъват дар Ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара барзиёд иҷро карда мешавад. Ин дастовард аз ҳисси баланди ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худогоҳиву хештаншиносӣ ва нишонаи татбиқи сиёсати оқилона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити Ворух ва Чоркӯҳ далолат менамояд.
Дар ҷамъомади тантанавӣ аз ҷониби масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара таъкид гардид, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» дар ниҳоди хурду бузург муҳаббат ба Ватан, садоқат ба ин сарзамин ва ҳисси ватандӯстии ҷавононро дучанд намудааст.
Гуфта шуд, ки солҳои охир дар Ҷамоатҳои деҳоти Чоркӯҳ ва Ворухи шаҳри Исфара ба масъалаи тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад. Дар ҳар оила ҷавонони сини даъватӣ бо хоҳиши худ ба хизмати ҳарбӣ равона мешаванд. Ин нишонаи возеҳи дӯстдории Ватан-Модар ва ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат мебошад.
Вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳон тақозо менамояд, ки мо аз ҳарвақта дида, зиёдтар ватандӯст бошем, барои ҳимояи марзу бум, ҳифзи дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва ҳар як ваҷаб замини диёри аҷдодиамон ҳамеша омода бошем. Ин масъулиятро диловарони ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара хуб дарк намуда, ҳар сол ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ сафарбар мешаванд. Ташаббуси ҷавонмардонаи диловарони Ворух ва Чоркӯҳ намунаи ибрати насли ҷавон буда, ҷавонони синни даъватии дигар минтақаҳои мамлакат ба онҳо пайравӣ менамоянд.
Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ба ҷавонони ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркуҳ, ки ба курсҳои кӯтоҳмуддати ронандагӣ фаро гирифта шуда буданд, имрӯз дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ронандагӣ супорида шуданд.
Чорабинии гусели наваскарон дар шаҳри Исфара бо иҷрои тамоми анъанаҳои дерини он баргузор гардид. Дар ҳузури иштирокдорон, фаъолони аҳли ҷамоатчигӣ, волидони наваскарон бо туҳфаҳои идона қадрдонӣ карда шуданд. Барномаи рангини фарҳангӣ ба ин чорабинӣ шукӯҳу шаҳомати хоса бахшид, ҷавонони Ворух ва Чоркӯҳ бо сарфарозӣ ва ифтихори баланди миллӣ ба хизати ҳарбӣ гусел карда шуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»











Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид
Ноҳияи Муъминобод нақшаи даъвати баҳориро дар рӯзи якум пурра иҷро намуд






