Директори Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 03.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои муштарак оид ба рушди содироти молу маҳсулоти истеҳсоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид гардидани он ба бозори ҷаҳонӣ тавассути тиҷорати электронӣ, таҳкиму густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи маркетинг ва логистика зимни мулоқоти Директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода ва намояндагони Бонки ҷаҳонӣ оид ба лоиҳаи тиҷорати электронӣ Оберт Пимхидзай ва Чию Нию мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Агентии содирот хабар доданд, дар вохӯрӣ ҳамзамон масъалаи ташкили марказҳои логистикӣ дар самти банду баст, коркард, захира, нигоҳдорӣ ва содироти маҳсулот ба хориҷи мамлакат баррасӣ шуд. Вобаста ба ин масъала Директори Агентӣ гуфт, ки дар самти ҳалли масъалаҳои логистикӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, барои таъсиси марказҳои логистикӣ сармоягузории хориҷӣ зарур мебошад.
Ҷонибҳо оид ба намудҳои механизмҳои истифодашаванда дар раванди ҷамъоварии ҳосил, масоили ҷойдошта дар ҷараёни содироти маҳсулоти кишоварзӣ, самтҳои ҳамкорӣ ва нақшаҳои оянда баҳри рушди содироти меваҳои тару тоза, аз ҷумла лимӯ, гелос ва ангур ба Ҷумҳурии Мардумии Чин тавассути тиҷорати электронӣ ибрози андеша намуданд.
Намояндагони Бонки ҷаҳонӣ омодагии худро дар самти ҳамкорӣ бо Агентии содирот ҷиҳати дастгирӣ намудани пешниҳодҳои агентӣ баён доштанд.
АКС: Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд






