Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо муассисаҳои олии Беларус созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид

Октябрь 9, 2023 10:21

ДУШАНБЕ, 09.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар  доираи Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва Беларус байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва ду муассисаи олии Ҷумҳурии Беларус: — Донишгоҳи давлатии Барановия ва Донишгоҳи забоншиносии шаҳри Минск оид ба тақвияти имконоти илмию таҳсилотӣ ва пажуҳишию инноватсионии тарафайн созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд. Дар ин хусус  АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ хабар медиҳад.

Бояд гуфт, ки масъалаи таъсиси кафедра ва факултетҳои муштарак дар назди Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо муассисаҳои самти фаъолияташон мувофиқ бо ихтисосҳои амалкунандаи муассиса мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор гирифт.

Ёдовар мешавем, ки 5-6 октябр дар шаҳри Минск бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Беларус Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва Беларус баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти Вазорати  маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Беларус  ва 75 ректори муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Беларус иштирок доштанд.

Дар қисмати ифтитоҳии форум Вазири  маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баён дошт, ки маҳз натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Беларус аст, ки ҳамкории дуҷониба дар самти илму маориф рӯз то рӯз рушд менамояд.

Форум дар шаҳри Минск ду рӯз идома ёфта, баргузории он ба дурнамои рушди босамари дуҷониба дар соҳаи илму маориф мусоидат менамояд.

 АКС: Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода

Октябрь 9, 2023 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд