Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бо муассисаҳои олии бонуфузи Олмон ҳамкории илмию фарҳангӣ дорад
ДУШАНБЕ, 18.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йорк Шуграф бо фаъолияти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров шинос шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ.
Ректори донишгоҳ дар бораи равандҳои фаъолияти донишгоҳ, иқтидору натиҷаҳои фаъолияти кафедраи забони олмонӣ дар самти тайёр намудани кадрҳои баландихтисос сухан гуфта, таъкид намуд, ки дар доираи барномаҳои байналмилалии Иттиҳоди Аврупо, аз қабили TEMPUS, ERASMUS + ва дигар барномаҳо донишгоҳ бо муассисаҳои олии бонуфузи мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо, махсусан Олмон ҳамкории илмию фарҳангӣ дорад.
Донишгоҳ бо 5 муассисаи олии Олмон ҳамкории дуҷониба намуда, ҷиҳати ба имзо расонидани боз ду лоиҳаи шартномаи ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои Фрайбург ва Кёлни Олмон иқдом дорад.
Дар мулоқот масоили табодули таҷрибаи омӯзгорон ва такмили ихтисос, бозомӯзиҳо, ташкили симпозиум ва конфронсҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Сафир Йорк Шуграф барои пазироии самимӣ ва вохӯрии судманд изҳори сипос намуда, барои таҳкими ҳамкорӣ изҳори омодагӣ намуд.
Дар идома дар факултети забонҳои хориҷӣ бо устодону донишҷӯёни факултет суҳбати самимиву озод доир гардид.
АКС: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров









Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст






