Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо донишгоҳҳои бонуфузи Покистон барои табодули таҷриба ҳамкориро густариш медиҳад
ДУШАНБЕ, 11.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки олимони варзидаи донишгоҳҳои бонуфузи Покистонро барои машғулияти таълимии донишҷӯён ва мубодилаи таҷриба бо устодон ҳавасманд намоянд. Ин нукта зимни мулоқоти Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Қобилҷон Хушвахтзода бо доктор, раиси Донишкадаи исломии Ҷумҳурии Исломии Покистон Соҳибзода Султон Аҳмад Алӣ баррасӣ гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар донишгоҳи мазкур.
Зимни мулоқот ҷонибҳо дар самти ҳамкории илмию таълимӣ табодули афкор намуда, таъкид доштанд, ки ин вохӯрӣ ба ҳамкории минбаъда мусоидат менамояд.
Ҳамзамон доктор Соҳибзода Султон Аҳмад Алӣ бо устодону донишҷӯёни факултети забонҳои Осиё ва Аврупо мулоқот намуд. Гуфта шуд, ки маҳз баҳри тақвияти муносиботи давлатҳо дар асоси баробар ва эътирофи мунфиатҳои мутақобила Ҷумҳурии Исломии Покистон Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохта, 6 июни соли 1992 бо он муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуд.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ашъори Робиаи Балхиро бо 9 забони хориҷӣ қироат карданд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва неруи бузурги маънавии ҷомеа мебошад
МОДАР — ЧАРОҒИ РОҲНАМОИ ФАРЗАНД. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Дастовардҳои соҳаи мошинсозӣ ва технологияҳои истеҳсолӣ дар конференсияи байналмилалӣ баррасӣ гардиданд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Рӯзи Модарро таҷлил намуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Ҷомеае, ки занони босавод, фаъол ва худшинос дорад, метавонад ба сӯи ояндаи равшан ва ободу осуда қадам гузорад
Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамкориро бо Донишгоҳи Вестминстер густариш медиҳад
Маркази миллии тестӣ барои дастгирӣ ва осонии кори довталабон дар ИМД-и соли 2026 чӣ тадбир андешидааст?
Давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид






