Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Беларус созишномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонид

Октябрь 7, 2023 11:21

ДУШАНБЕ, 07.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷараёни баргузории Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Беларус бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии (МТОК) ҷумҳуриҳои Беларус ва Тоҷикистон, аз ҷумла Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  созишномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Шумораи созишномаҳои нави ҳамкорӣ қариб 40 ададро ташкил медиҳад.

Созишномаҳо дар робита ба самтҳои гуногуни соҳаи таҳсилоти олии давлатҳо омода гардида, дар самти омӯзиши таҷрибаи пешқадам, таҳияи барномаҳои муштарак, табодули устодону донишҷӯён ва анҷом додани корҳои таҳқиқотӣ заминаи мусоид мегузоранд.

Тавре қаблан иттилоъ додем, дар доираи ҳамкории дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Беларус дар шаҳри Минск Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва Беларус доир гардид. Кори форум дар бахшҳо идома ёфта, дар бахши дуюм — «Технологияи рақамӣ дар соҳаи маориф» аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Қобилҷон Хушвахтзода модератор интихоб гардид.

Дар ин бахш муҳимтарин масъалаҳои низоми маориф аз ҷониби намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии ду давлат – Тоҷикистон ва Беларус мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки ба шарофати сиёсати хирадмандона ва созандаи роҳбарони олии Тоҷикистон ва Беларус рушди илму маориф дар тамоми давра ба самти муҳимтарин ва афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст.

Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва Беларус ба рушди муносибатҳои минбаъда такони ҷиддӣ мебахшад.

 АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Октябрь 7, 2023 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид