Дурнамои ҳамкорӣ байни минтақаҳои Тоҷикистон ва кишвари Красноярск баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 20.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 19 октябр консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Русия Наҷмиддин Имомзода дар шаҳри Красноярск бо губернатори кишвари Красноярск Михаил Котюков мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкорӣ байни минтақаҳои Тоҷикистон ва кишвари Красноярск мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зарурати густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, ҷалби сармоя, инчунин тавсеаи робитаҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн таъкид шуд.
Ба манзури густариши равобити тиҷорӣ ва иқтисодӣ консули генералӣ пешниҳод намуд, то миёни доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва кишвари Красноярск вохӯриҳо танзим шуда, барои иштирок дар намоишгоҳҳо ва анҷуманҳои мухталифи байналмилалӣ мусоидат шавад.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-20262 иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид






