ФАЪОЛИЯТИ БИБЛИОГРАФӢ ДАР КИТОБХОНАҲО. Вобаста ба он дар китобхонаҳои Рашт ва Лахш омӯзишҳо баргузор шуданд

Октябрь 2, 2023 14:58

 ДУШАНБЕ, 02.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М. Миршакар» дар китобхонаҳои оммавӣ ва бачагонаи ноҳияҳои Рашт ва Лахш дар мавзуи «Фаъолияти библиографӣ дар китобхонаҳо» машварат-омӯзишҳо баргузор гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни машварат-омӯзишҳо роҳбарияти Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М. Миршакар ва гурӯҳи кормандони муассиса бо фаъолияти китобхонаҳои ин ноҳияҳо, тарзи корбарӣ бо муштариён шинос шуда, бо кормандони китобхонаҳо суҳбатҳои гарму самимӣ намуданд.

Бояд гуфт, ки дар ноҳияи Рашт як китобхонаи оммавӣ, як китобхонаи бачагона ва 41 филиали китобхонаҳо дар ҷамоату деҳаҳо барои кӯдакону наврасон ва сокинон фаъолият менамоянд.

Ҳамзамон бо иштироки хонандагони китобхонаҳо маҳфили «Мавлавихонӣ» баргузор гардид, ки иштирокчиён бо муҳаббату самимияти беандоза баромади наврасонро тамошо карданд.

Хонандагон аз ашъори пурғановати шоири нотакрору нобиғаи назми классикии тоҷику форс- Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо шуру шавқи хосса ғазалсароӣ намуданд.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 2, 2023 14:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе намоиши дастнависҳо, нусхаҳои чопи сангӣ ва хушнависиҳои ашъори Ҳофизи Шерозӣ баргузор шуд
Мехоҳед таътили тобистонаи фарзандатон босамар гузарад? Пас ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон биёяд
Дар шаҳри Норак 2 ёдгории бостонӣ кашф ва таҳқиқ карда шуд
Дар Душанбе дуюмин Синамоҷашнвораи байналмилалӣ «Тоҷи сомон» баргузор мегардад
Дар театри Муҳаммадҷон Қосимов намоишномаи «Ман Таҳминаам…» аз рӯи достони «Шоҳнома» пешниҳод мегардад
Бо ташаббуси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар ноҳияи Ховалинг Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта шуд
Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло: «Ҳақиқат ин аст, ки Пешвои миллат ваҳдатро бунёд гузошту таҳким доду қавӣ сохт»
Дар Осорхонаи миллӣ гӯшаи доимоамалкунандаи «Ваҳдати миллӣ» ташкил гардидааст
Тамоми комёбиҳои миллат ва саодати рӯзгори мардум аз иттиҳоди миллӣ ибтидо мегирад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТ». Дар Вазорати фарҳанг ҳамоиши илмӣ доир гардид
Таҳти унвони «Қисса ва ҳикояҳо» китоби Абдурофеъ Рабизода нашр гардид
«ДАР МЕҲМОНИИ ДУШАНБЕ». Фестивали байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасони ИДМ оғоз гардид