Фарҳод Раҳимӣ: «Тахти Сангин осори ниҳоят нодири таърихи миллати тоҷик буда, дар таърих ва тамаддуни мо мақоми воло ва нақши муассир дорад»
ДУШАНБЕ, 07.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 5 октябр дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 2500-солагии Шаҳристони Тахти Сангин Симпозиуми байналмилалии илмии Тахти Сангин-намоди омезиши тамаддуни Шарқу Ғарб баргузор гардид. 6 октябр меҳмонони хориҷӣ ба дидани ин ёдгорӣ рафтанд.
Вобаста ба ин ёдгории нодири таърихӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ба АМИТ «Ховар» андешаҳояшро баён дошт.
— Дар солҳои соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳ ба таърих, фарҳанг ва суннатҳои волои аҷдодӣ ба маротиб афзуда, таҳқиқу омӯзиши илмӣ, эҳёи суннатҳои аҷдодӣ, ҷашну оинҳои миллӣ, ҳифзу нигаҳдошт ва тармиму барқарорсозии ёдгориҳои нодири таърихӣ вусъати тоза пайдо намуд. Аз соли 2010 инҷониб мероси зиёди моддию маънавии халқи тоҷик, ба мисли шаҳри Саразми бостонӣ, Шашмақом, Фалак, ҷашни Наврӯз ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шуданд. 17 сентябри соли равон 9 ёдгории шомили Долони Зарафшон – Қароқуми Роҳи Абрешими Тоҷикистон тоза ба ин мероси ҷаҳонӣ шомил гардиданд. Дар оянда теъдоди ин ёдгориҳо боз ҳам меафзояд.
Яке аз ёдгориҳои дигар ва дар сатҳи ҷаҳонӣ хеле шинохтаи Тоҷикистон- ин Тахти Сангин мебошад, ки имсол 2500-солагии он гузаронида мешавад. Тахти Сангин дар доманаи шарқии қаторкӯҳҳои Тешиктош, дар маҷрои дарёҳои Вахшу Панҷ (яъне Амударё)-и ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир аст. Ин ёдгории нодир бори аввал ба феҳристи пешакии Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО- бахши «Мероси фарҳангӣ» ҳанӯз 9 ноябри соли 1999 ҳамроҳ шуда буд. 17 ноябри соли 2021 бо пешниҳоди Тоҷикистон 2500-солагии шаҳристони Тахти Сангин ба Феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои солҳои 2022-2023 ворид гардид. Ҳамоиши илмии байналмилалии «Тахти Сангин – намоди омезиши тамаддуни Шарқу Ғарб», ки 5 октябр дар Душанбе доир гардид, дар ҳошияи ҳамин бузургдошт гузаронида шуд.
Дар симпозиум олимон аз 14 мамлакати дунё ба тариқи ҳузурӣ ва ғайриҳузурӣ доир ба Тахти Сангин ва дигар ёдгориҳои нодири тоисломии Осиёи Марказӣ маърузаҳои илмӣ намуданд.
Гарчанде доир ба ин ёдгорӣ дар байни олимон ҳанӯз дар асри 19, махсусан пас аз бозёфти Хазинаи Амударё маълумот мавҷуд буд, аммо омӯзиши бевоситаи Тахти Сангин ва атрофи он аз соли 1946 аз ҷониби донишмандон ва бостоншиносон оғоз гардид. Солҳои 1976-1991 ҳайати экспедитсияи бостоншиносии ҷануби Тоҷикистон зери роҳбарии Б.А.Литвинский ба омӯзиши ин ёдгорӣ идома дод.
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон омӯзиши бостоншиносӣ дар минтақаи Тахти Сангин пайваста идома ёфт ва ҳатто солҳои охир то ду маротиба дар ин мавзеъ корҳои ҳафриётӣ гузаронида мешаванд.
Дар натиҷаи ин таҳқиқоти анҷомёфта маълум шуд, ки Тахти Сангин на танҳо объекти бостоншиносӣ, балки объекти таҳқиқоти маҷмуии бисёрҷониба мебошад. Бо ин сабаб таваҷҷуҳи бостоншиносон, таърихнигорон, забоншиносон, меъморон, сиккашиносон, диншиносон, антропологҳо, мутахассисони фарҳангӣ ва технологияи саноати дастиро ба худ ҷалб намуд. Ин шаҳр ба унвони як маркази муҳим дар давраи ҳахоманишӣ, эллинӣ, кушонӣ ва кушонию сосонӣ хидмат менамуд.
Масоҳати умумии Тахти Сангин дар давраи эллинистӣ қариб 105 гектарро ташкил дода, дорои низоми дифоии мустаҳкам буда, аз ҷануб ва шимол тавассути деворҳои дифоӣ ва дар Ғарб бо кӯҳҳои саҳроӣ муҳофизат мешуд. Шаҳр аз қалъа, маъбад, биноҳои маъмурӣ иборат буда, дар давраи эллинӣ дар ҳар тарафи он маҳалҳои аҳолинишин пайдо шуданд.
Дар маркази шаҳраки Тахти Сангин, воқеъ дар самти ғарбии қалъа, ки аз якчанд теппа иборат аст, бостоншиносон як сохтмони бузург бо номи «Маъбади Оксус»-ро кашф намуданд. Ин бозёфти меъмории беназир бахше аз меъмории Бохтари бостонро нишон дода, аз бузургтарин сохтмонҳои меъмории Шарқ дар нимаи дувуми ҳазораи аввали пеш аз мелод дар Осиёи Миёна ба ҳисоб меравад. Бино ба далели ҳифзи хуби худ ба унвони як намунаи муътабар аз биноҳои шарқӣ дар таърихи меъмории ҷаҳон шинохта шудааст. Дар ганҷинаҳои «Маъбади Оксус» як силсила осори санъати ҳахоманишӣ, эллинӣ ва кушонӣ мавҷуд буд, ки қисме аз онҳо дар Бохтар сохта шуда, қисми дигараш аз Эрон, Осиёи Хурд ва Юнони Қадим ба ин маъбад оварда шудаанд. Шумораи умумии бозёфтҳои бостоншиносие, ки дар ин мавзеъ кашф шудаанд, зиёда аз 10 ҳазор ададро ташкил дода, аз садаи VI пеш аз мелод то асри IV мелодиро дар бар мегиранд. Дар ин миён садҳо осори ҳунарӣ аз тилло, нуқра, биринҷӣ, оҳан, оҷ, гили хушкшуда, гаҷ, санг ва шиша вуҷуд доранд. Хусусан аз ин ҷо теъдоди зиёди силоҳҳо, аз ҷумла нӯгҳои тир, найзаҳо, шамшерҳо, ханҷарҳо, пораҳое аз дастгоҳҳои муҳофизатӣ, инчунин кулоҳҳои биринҷӣ, ҷавоҳирот, гарданбандҳо, нахҳо, пӯшишҳо ва ҳатто бахшҳое аз муҷассамаҳо пайдо шуданд.
Баъзе аз аносири меъмории «Маъбади Оксус» ва бахше аз бозёфтҳои он ба асрҳои VI-IV пеш аз мелод рост меоянд. Дар байни бозёфтҳои давраи ҳахоманишӣ ашёи ҷолиби диққат вуҷуд доранд.
Ҳамчунин осори ҳунарии юнонӣ ва услуби императорӣ алоқаманд бо даврони Искандари Мақдунӣ бевосита ё бавосита ба фарҳанги тасвирии Бохтар таъсир расонидааст. Ба ин далел Тахти Сангин мисоли равшани синтези ду фарҳанг – фарҳанги баҳри Миёназамини Ғарбӣ ва Бохтари Шарқӣ мебошад.
Муносибат ва робитаи Бохтар бо шаҳрҳои юнонӣ дар давраи элленистӣ густурда ва муназзам буд. Ташаккули ҳунарҳои меъморӣ ва бадеии шарқии эллинӣ дар ин қаламрав ба рушди фарҳанги бадеӣ ва шукуфоии марказҳои маҳаллӣ мусоидат намуд, ки дар онҳо ҷузъҳои этникӣ, мазҳабӣ ва фарҳангии мактабҳои юнонӣ ва бохтарӣ ташаккул ёфта, падидаи беназири Юнону Бохтар гардид.
Намунаи катибаҳои матнии Тахти Сангин, ки чанде пеш кашф шудаанд, на танҳо дар забони Юнони қадим, балки дар забони бохтарӣ низ имкон медиҳанд, ки намунаҳои хатти Бохтари бостониро ба қатори ёдгориҳои муҳимми эпиграфии Шарқи қадим дохил намоем. Ҳамаи ин аз аҳамияти бузурги таърихӣ доштани ин ёдгорӣ шаҳодат медиҳад.
Ҳамин тавр, ёдгории Тахти Сангин осори ниҳоят нодири таърихи зиёда аз шашҳазорсолаи халқи тоҷик буда, дар таърих ва тамаддуни ин миллати офаранда мақоми воло ва нақши муассирро соҳиб мебошад.
Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «ҳафриёти Қалъаи Мир, Кайқубодшоҳ, Тахти Қубод, Тахти Сангин ва даҳҳо таҳқиқоти бостоншиносии мавзеъҳои мухталифи Тоҷикистон, ки дар ним асри охир доир шуданд, дар илми бохтаршиносӣ ва таъриху тамаддуну давлатдории тоҷикон саҳифаҳои нав кушод».
АКС: АМИТ «Ховар»