ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФИ БУЗУРГ АСТ. Дар Мастчоҳ ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ гусел карда шуданд
ДУШАНБЕ, 06.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 3 октябр дар майдони Парчами давлатии маркази ноҳияи Мастчоҳ — шаҳраки Бӯстон ҳамоиши тантанавӣ ба муносибати гусели аввалин гурӯҳи ихтиёрии ҷавонони синни даъватӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ хабар медиҳад.
Дар маросими гусели наваскарон раиси ноҳия Аъзам Ализода, сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода, комиссари ҳарбӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва падару модарони даъватшудагон иштирок доштанд.
Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода иброз дошт, ки имрӯз як гурӯҳ ҷавонон ихтиёран ба мактаби ҳақиқии ҷавонмардӣ — ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон равон мешаванд. Хизмат ба Ватан барои ҳар ҷавонмард ифтихор ва шарафи бузург ба ҳисоб меравад. Ҷавонони ноҳияи Мастчоҳ дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Роҳбари давлатмонро ба хубӣ дарк намуда, сиёсати хирадмандонаю созандаашонро эҳсос менамоянд.
«Имрӯз ҷавонони мо дар қимсҳои низомии ҷумҳурӣ танҳо ба хотири ҳимояи марзу бумамон, бақои давлати миллӣ ва пойдории истиқлоли давлатӣ софдилонаю садоқатмандона хизмат менамоянд. Ҷавонони мо набояд фаромӯш созанд, ки дар кадом қисми низомие, ки хизматро адо менамоянд, дӯстдори Ватану сарзамини биҳиштосои худ бошанд»,- афзуд Илҳомҷон Оймуҳаммадзода.
Раиси ноҳияи Мастчоҳ миннатдории самимии худ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро ба падару модарон ва ҷавононе, ки бо амри дилу виҷдон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон барои адои хизмати ҳарбӣ мераванд, баён намуда, иброз дошт, ки «дар ин айём ҳифзи марзу буми Ватан, соҳибихтиёрию соҳибистиқлолӣ ва амнияту оромии ҷомеа аҳамияти муҳим пайдо намуда, ҳамаи мо масъул ва вазифадор ҳастем, ки баҳри ҳимояи Ватани маҳбубамон ҳамеша саъю талош намоем».


Бояд гуфт, ки дар маъракаи даъвати тирамоҳӣ Ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ аз аввалинҳо шуда, маъракаи даъватро сарбаландона иҷро намуд. Ба ин муносибат дар ҳамоиши имрӯза аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба раиси ҷамоати мазкур Сипоснома ва мукофоти пулӣ тақдим шуд.
Дар фарҷом ба даъватшудагоне, ки бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ дар Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия даври ронандагиро давоми ду моҳи охир омӯхтанд, дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи ронандагӣ супурда шуд.
Барномаи консертии бахши фарҳанги ноҳия ба маросим шукуҳи бештар бахшид.
АКС: Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ








Барои дарёфти «Ҷоми Вазири мудофиа» мусобиқаи тирпаронӣ баргузор шуд
Вазорати мудофиаи Тоҷикистон: «Ҳангоми таҳияи маводи таблиғотии низомӣ бо истифода аз «зеҳни сунъӣ» риояи оиннома ҳатмӣ аст»
Сабабҳои асосии рух додани садамаҳои нақлиётӣ кадомҳоянд? Ва ё чаро то ҳол ин вазъ нигаронкунанда боқӣ мемонад?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Прокурори генералии Тоҷикистон аз паҳншавии моддаҳои психотропӣ, хусусан ҳабҳои синтетикӣ дар байни ҷавонон изҳори нигаронӣ намуд
Дар Конибодом оид ба даъвати баҳории ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҷаласаи ситоди шаҳрӣ доир шуд
Ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ 111 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дастгир карда шуд
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон: «Бар зидди паҳншавии воситаҳои нашъадор якҷоя мубориза барем!»
Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
161 нафар муҳоҷирони экологӣ соли 2025 бо қитъаи замин ва кумаки яквақтаинаи моддӣ таъмин карда шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон соли 2025 беш аз 200 ҳодисаи табиӣ ба амал омадааст






