Хусрав Ҳабибов: «Озмун то дараҷае шаффоф буд, ки то эълони натиҷа намедонистам, ки сазовори Шоҳҷоиза гардидаам»

Октябрь 17, 2023 09:27

ДУШАНБЕ, 17.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Чор сол аст, ки дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — ватани азизи ман» иштирок менамоям. Соли гузашта то даври шаҳрӣ омадам, вале ҷо нагирифтам. Танҳо сазовори ҷойи ифтихорӣ гардидам. Руҳафтода нагаштам, зеро орзу доштам, ки бо соядасти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диплом дошта бошам. Талошу кӯшиши зиёд намудам, пайваста тамрин мекардаму омодагӣ медидам. Дар охир ба орзуям расидам, муваффақ шудам. Чунин гуфт овозхони Филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошимови ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Хусрав Ҳабибов, ки имсол аз рӯи номинатсияи «сарояндагӣ» соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва 50 000 сомонӣ гардид.

Хусрав Ҳабибов иброз дошт, ки озмуни мазкур дар сатҳи баланд ва хеле шаффоф гузашт. То дараҷае шаффоф буд, ки то эълони натиҷа намедонистам, ки сазовори Шоҳҷоиза гардидаам. Вақте номамро хонданд, дар ҳайрат афтодаму як ҳисси хеле аҷибе маро фаро гирифт.

— Озмуни мазкур барои дарёфти шахсони боистеъдод заминаи мусоид фароҳам овард. Дар чанд соли баргузории озмун ҷавонони зиёде дар он иштирок намуда, зина ба зина ҳунару маҳорати худро сайқал дода, дар кори худ ҷиддитар гардиданд, то ба мақсади худ бирасанд, — афзуд ӯ.

Ба гуфтаи Хусрав Ҳабибов, «дар жанри анъанавӣ сурудан, душвор аст. Чун жанри мазкур яке аз мушкилтарин жанрҳои сарояндагӣ аст ва аз овозхон маҳорату малакаи қавиро талаб мекунад. Дар ин жанр авҷҳо ва овозкашиҳои баланд аст. Он жанре ҳаст, ки шумо бо як рубоб бояд таваҷҷуҳи тамошобинро ҷалб намудаву талаботи онҳоро қонеъ карда тавонед. Ҳарчанд каме душвор бошад, агар ҳунарманд маҳорату истеъдоди хуб дошта бошад, душвории онро ҳис намекунад».

Ба довталабоне, ки дар озмунҳо муваффақ намегарданд, тавсия медиҳам, ки ҳеҷ гоҳ руҳафтода нашаванд, -мегӯяд Хусрав Ҳабибов ва таъкид намуд, ки баръакс, бо устодон тамринҳои худро зиёдтар ба роҳ монанду хатоҳоро ислоҳ намоянд. Низомномаи озмунро бодиққат хонанд ва тибқи талаботи он амал намоянд. Агар сидқан талош намоянду пайваста дар ин роҳ заҳмат кашанд, ҳатман муваффақ мегарданд.

Ҳамсуҳбати мо изҳор дошт, ки пеши худ мақсад гузоштааст, ки сурудҳои худро дар сатҳи телевизионҳо сабт намудаву манзури тамошобинон гардонад. Ҳамчунин шогирдони худро дар ин роҳ тарбия намуда, заррае ҳам бошад, дар рушди фарҳанг саҳм гузорад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 17, 2023 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 3,7 баробар афзоиш ёфтааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Имсол Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистонро 228 нафар хатм намуданд
«ТОҶИКИСТОН — КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Италия намоиши шоҳкорҳои беназири мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистон доир мегардад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳри Роғун, ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Тоҷикобод, Нуробод, Муъминобод ва Варзоб баргузор мегарданд
Роҳбарияти Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ҳафриёти бостоншиносӣ дар ёдгории бостонии Сайёд шинос шуд
САНОАТ — МУҲАРРИКИ РУШДИ ИҚТИСОДӢ. Тоҷикистон 35-солагии Истиқлоли давлатиро бо эътимоди комил, суботи сиёсӣ ва сиёсати равшани саноатӣ истиқбол менамояд
РИОЯИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон барои блогерон даври омӯзишӣ гузаронида мешавад
Аз ноҳияи Темурмалик ёдгориҳои нодири мансуб ба асри биринҷ ва давраи Кушониён бозёфт гардиданд
Китоби «Дар ҳавои Мавлоно»-и Раҳмоналӣ Мирализода рӯнамоӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Осорхонаи таърихии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон таъсис дода шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Дарвоз баргузор гардид
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Балҷувон шукуҳманд таҷлил карда шуд