Ифтитоҳи роҳи Ҳулбук-Темурмалик-Кангурт боз як қадами устувори дигар дар ҷодаи рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон мебошад
ДУШАНБЕ, 20.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, имрӯз Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон роҳи мошингарди қитъаи Ҳулбук- Темурмалик-Кангуртро ифтитоҳ намуданд. Роҳи мазкур яке аз роҳҳои асосии душворгузар ва дорои релефи вазнин буда, аз ҳудуди ноҳияҳои Восеъ ва Темурмалик мегузарад ва шумораи умумии аҳолӣ дар ин минтақа беш аз 280 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Роҳ аз деҳаҳои сераҳолии ноҳияҳои Восеъ ва Темурмалик гузашта, алоқаи нақлиётиро аз самти ҷанубу шарқ байни ноҳияҳои Восеъ, Балҷувон ва Ховалинг таъмин намуда, боз як қадами устувори дигар дар ҷодаи рушди сайёҳӣ дар мамлакат мебошад.
Бояд гуфт, ки корҳои сохтмонӣ дар роҳи нақлиётгарди Ҳулбук- Темурмалик-Кангурт моҳи ноябри соли 2021 бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардида буданд. Лоиҳаи таҷдиду навсозии ин роҳи дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ бо ташаббус ва иқдоми Сарвари давлат бо мақсади таъмини ҳаракати бемамониати воситаҳои нақлиёт ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ба аҳолӣ амалӣ гардид.
Масофаи умумии ин қитъаи роҳ 60 километр ва паҳноии он аз 7 то 12 метрро ташкил дода, аҳамияти ҷумҳуриявӣ дорад. Дар ин масир 76 қубури обгузар, ҷӯйборҳои бетонӣ дар ду канори роҳ, пойдеворҳои муҳофизатӣ, 5 пули мошингузар сохта шуда, дар асоси лоиҳа хатҳои уфуқӣ, аломати роҳ, чароғҳо ва дигар иншооти зарурӣ мутобиқ ба лоиҳа кашида шудаанд.
Корҳои сохтмониву навсозӣ дар ин роҳ бо саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки рушди Осиё анҷом ёфтаанд. Корҳои паймонкорӣ дар роҳи мошингарди Ҳулбук – Темурмалик – Кангурт аз ҷониби ширкати чинии «China State Construction Xinjiang Construction Engineering Group Co» анҷом дода шудаанд.
Лоиҳаи сохтмони роҳи мазкур аз ду марҳила иборат буда, марҳилаи якум: Ҳулбук – Темурмалик 33,4 км, марҳилаи дуюм- Темурмалик – Кангурт 25,17 км-ро дар бар мегирад.
Бояд гуфт, ки бунёди ин роҳ ҳаракати мунтазам ва бехатари воситаҳои нақлиётро дар байни деҳаҳо ва маркази ноҳияҳо таъмин намуда, мушкилоти бисёр ҷиддии аҳолиро бартараф сохт. Татбиқи лоиҳа имкон дод, ки барои аҳолии ноҳияҳои Восеъ ва Темурмалик ҷиҳати рафтуомад ба дигар манотиқи ҷумҳурӣ, баромадан ба роҳҳои байналмилалӣ, интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ ба бозорҳои дигар шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва Бохтар бо хароҷоти камтарини ҳамлу нақл имконияти мусоид фароҳам оварда шавад. Бунёди роҳи Восеъ — Ҳулбук — Темурмалик – деҳоти Кангурт ба ободу зебо гардидан ва рушди ноҳияҳои Восеъ ва Темурмалик, бахусус баланд гардидани сатҳи зиндагии сокинони ин ноҳияҳо мусоидат менамояд.
Бояд тазаккур дод, ки баромадан аз бунбасти комуникатсионӣ яке аз чор ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Тибқи маълумоти Вазорати нақлиёти мамлакат, давоми 32 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ бо ташаббусу дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳтар намудани вазъи роҳу шоҳроҳҳои мошингард ва ба давлати транзитӣ табдил додани Тоҷикистон корҳои бунёдӣ ба сомон расонида шуданд.
Дар натиҷа 2400 километр роҳ, 326 пул, 6 нақби мошингузар ва 219 километр роҳи оҳан сохта, ба истифода дода шуд.
АКС аз бойгонӣ








ТАБИАТ МЕКУНАД МОРО ТАБОБАТ! Исфаноҷ пайдоиши саратонро пешгирӣ мекунад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Дар Кангурт ҷашни Наврӯзро бо расму ойинҳои хос таҷлил менамоянд






