«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби 6 ҷойи ифтихорӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 31.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» 1 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм ва 3 ҷойи сеюм ба даст оварда, дар байни муассисаҳои олии мамлакат дар ҷойи дуюм қарор гирифтанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон хабар доданд.
Даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» аз 23 то 27 октябр баргузор шуда, дар даври ниҳоии он аз рӯи 7 номинатсия аз шаҳри Душанбе 132 нафар, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон- 79 нафар, вилояти Хатлон- 128 нафар ва вилояти Суғд- 120 нафар, аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 120 нафар иштирок намуданд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» бо ташаббуси Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри амалӣ намудани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040) соли сеюм аст, ки дар саросари ҷумҳурӣ баргузор мегардад.
АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ








Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд






