Имрӯз Рӯзи таъсиси Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат мебошад
ДУШАНБЕ, 05.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз тибқи тақвим Рӯзи таъсиси Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат маҳсуб мешавад.
5 октябри соли 1948 Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат (ИБҲТ – IUCN — International Union for Conservation of Nature and Natural Resources) таъсис дода шуд, ки қароргоҳаш дар Гланди Швейтсария воқеъ аст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бояд тазаккур дод, ки дар ҳошияи иҷлосияи панҷуми Ассамблеяи Барномаи ҳифзи муҳити зисти СММ 3 марти соли 2022 мулоқоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода ва Директори Генералии Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат доктор Бруно Оберле баргузор гардид, ки дар он ба масъалаҳои густариши ҳамкории Кумита ва IUCN таваҷҷуҳи махсус дода шуда, самтҳои асосии фаъолият дар соҳаи ҳифзи табиати вуҳуш, намудҳои нодири ҳайвоноту наботот ва гузаронидани чорабиниҳои муштараки байналмилалӣ бо фондҳои ҷаҳонӣ муайян гардиданд.
Директори Генералии Иттифоқи байналмилалии муҳофизати табиат иброз дошт, ки IUCN ният дорад фаъолияти худро дар Тоҷикистон дар самти фаъолияти илмӣ ва нашри муштараки пажуҳишҳои коршиносони IUCN ва мутахассисони тоҷик густариш диҳад.
Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат созмони байналмилалии ғайритиҷоратӣ буда, бо пешниҳоди маълумоту хабарҳо доир ба мушкилоти ҳифзи гуногунии биологии сайёра ва тартиб додани феҳристи намудҳои гуногунии биологӣ дар минтақаҳои гуногуни сайёра, ки ба муҳофизати махсус ниёз доранд, дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон ҳамоишҳо баргузор менамояд. Ин иттифоқ рисолати худро дар он медонад, ки ба ташкилоти ҷамъиятӣ ва шахсони фаъол барои муҳофизати маҷмуӣ ва гуногунии табиат кумак расонад.
Маҳз Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат идеяи таҳияи Китоби Сурхи байналмилалӣ — феҳристи намудҳои ҳайвонот ва набототи дар зери хатар қарордоштаро пешниҳод намуд. Ин ташаббус аз соли 1963 инҷониб амалӣ гардида, ҳамзамон ҳуҷҷати расмии барномавии Иттиҳод «Стратегияи ҷаҳонии ҳифзи табиат» мебошад.
Ҳоло Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат дар Маҷмаи Умумии СММ мақоми нозирӣ ва дар ЮНЕСКО мақоми мушовирӣ дошта, 82 мамлакат, 111 муассисаи давлатӣ, беш аз 800 созмони ғайриҳукуматиро муттаҳид намуда, қариб 10 ҳазор нафар олимону мутахассисони 181 давлати ҷаҳон аъзои ин ташкилот мебошанд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назли Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар машварати байналмилалӣ дар Чин иштирок намуд
Кормандони соҳаи алоқа бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Беш аз 75 фоизи иқтидори умумии энергетикии Тоҷикистон дар ҳудуди вилояти Хатлон ҷойгир мебошад
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмончиёни НБО-и «Роғун» бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Хатлон беш аз 100 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардид»
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар Хоруғ рушди рақамикунонӣ дар низоми энергетикии Бадахшон баррасӣ шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкории байнибонкиро тақвият медиҳанд
Бахшида ба Рӯзи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе ҷамъомади тантанавӣ доир гардид
Бонки миллии Тоҷикистон ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тангаҳои хотиравиро ба фурӯш баровард






