Имрӯз Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» таҳти шиори «Таърихи рушди тоҷикон» оғоз мегардад
ДУШАНБЕ, 15.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик (16 октябр) Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» таҳти шиори «Таърихи рушди тоҷикон» оғоз мегардад.
Дар доираи синамоҷашнвораи байналмилалӣ баргузории чорабиниҳои зерин: Рӯзҳои кинои Федератсияи Русия дар Тоҷикистон, нишасти матбуотӣ, Форуми байналмилалӣ бахшида ба 120-солагии коргардон, ҳунарпеша ва асосгузори кинои тоҷик Комил Ёрматов таҳти унвони «Эҳёи синамо» бо иштироки синамогарон, киношиносон ва мутахассиони соҳа, Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Узбекистон дар Тоҷикистон, Намоиши аксҳо бахшида ба шаҳри Душанбе таҳти унвони «Шаҳри ман-хонаи ман», дарси «Устод ва шогирд» барои омӯзандагони Мактаби синамогарони ҷавон «Навомӯз» ба номи Муҳаббат Сатторӣ ва ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар назар аст.
Дар робита ба баргузории Синамоҷашнвораи байналмилалӣ бо назардошти таҷрибаи синамоҷашнвораҳои байналмилаливу минтақавӣ дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Комиссияи интихоби филмҳо таъсис ёфт, ки он дар муддати як моҳ филмҳои пешниҳодшуда аз давлатҳои Русия, Эрон, Покистон, Ҳиндустон, Маҷористон, Узбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Арманистон, Канада, Туркия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Беларус, Молдова, Фаронса ва Тоҷикистонро барои озмунҳои Синамоҷашнвора мавриди баррасӣ қарор дод. Ҳамин тавр, аз байни 200 дархости пешниҳодшуда 77 филм мавриди омӯзиш ва тамошо қарор гирифта, 18 филми ҳунарии пурра ва 8 филми ҳунарии кӯтоҳ барои иштирок ва рақобат дар озмунҳои Синамоҷашнвора сазовор дониста шуданд. Барои баҳодиҳӣ ва муайян намудани ғолибон ҳакамони байналмилалӣ даъват шудаанд.
Кори ҳакамони байналмилалии Синамоҷашнвора аз ду гурӯҳ: ҳакамии озмуни филмҳои ҳунарии пурра ва ҳакамии озмуни филмҳои ҳунарии кӯтоҳ иборат буда, бо қарори Кумитаи тадорукот ҳайати ҳакамон бо шумули муътабартарин филмсозон, мунаққидон, пажуҳишгарони фарҳанги синамоӣ ва намояндагони санъати синамо таъсис дода шуд.
Ба гурӯҳи ҳакамони филмҳои ҳунарии пурра 5 нафар ва ҳакамони филмҳои ҳунарии кӯтоҳ 4 нафар ҷалб гардиданд.
Бояд гуфт, ки ҷоизаҳои Синамоҷашнвора аз Шоҳҷоиза барои беҳтарин филми ҳунарӣ, Ҷоизаи «Беҳтарин коргардон», Ҷоизаи «Беҳтарин наворбардор», Ҷоизаи «Беҳтарин нақши мардона», Ҷоизаи «Беҳтарин нақши занона», Ҷоизаи «Беҳтарин филми ҳунарии кӯтоҳ», Ҷоизаи махсуси ҳакамон, Ҷоизаи таваҷҷуҳи тамошобин ва Ҷоизаи махсуси Раиси шаҳри Душанбе «Барои саҳми муносиб дар рушди кинематография» иборат мебошанд.
Ҳамзамон барои инъикоси кори синамоҷашнвора рӯзноманигорону мухбирони дохилию хориҷӣ даъват шудаанд.
Маросими ифтитоҳи Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» 16 октябр, соати 18:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ доир мегардад.
Рӯзҳои кинои давлатҳои хориҷӣ ва намоиши филмҳо дар кинотетрҳои «Наврӯз», «Кайҳон», «Парфенон», «Ватан» ва «Зебуннисо» ба роҳ монда шуда, меҳмонони синамоҷашнвора ба тамошои мавзеъҳои таърихии Қалъаи Ҳисор, шаҳрҳои Норак, Турсунзода, Ваҳдат, дараи Ромиту Варзоб мераванд.
Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» таҳти шиори «Таърихи рушди тоҷикон» минбаъд дар ду сол як маротиба ҳамчун рӯйдоди байналмилалии фарҳангӣ барои сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Барномаи синамоҷашнвора озмуни филмҳои ҳунарии пурра ва озмуни филмҳои ҳунарии кӯтоҳ, барномаи ғайриозмунии филмҳо ва намоиши филмҳои классикӣ (аз бойгонӣ)-ро низ фаро мегирад.
Ёдовар мешавем, ки 19 октябр, соати 18:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими анҷоми Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» дар фазои тантанавӣ, бо супоридани ҷоизаҳо ба филмофарон ва барномаи фарҳангӣ анҷом меёбад.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»








ПАЁМЕ, КИ НАВИДИ ПИРӮЗИҲОСТ. Иҷрои дастурҳои он роҳнамои миллати тоҷик барои фатҳи қуллаҳои нави армонҳои миллӣ аст
Донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» соҳиби се Шоҳҷоиза шуданд
Чойхонаи тоҷикии «Шоми Ваҳдат» фарҳанги миллати тоҷикро дар шаҳри Краснодар муаррифӣ менамояд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Маркази машваратӣ-равоншиносӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон даврҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ таъсис дода шудаанд
Лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди адабиёти бачагона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
3 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» барои дастгирии лоиҳаҳои филмсозони ҷавон ягон монеа вуҷуд надорад
1050-СОЛАГИИ РОБИАИ БАЛХӢ. Мавзуи асосии сурудаҳои ӯ ишқу муҳаббати инсонӣ, тасвири табиат ва зебоиҳои он мебошанд
Ёдгориҳои Хутали Қадим таъриху фарҳанги бостонии миллати тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд
«ҲАФТРАНГ БА ХОТИРАИ УСТОД». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоишгоҳ оғоз гардид
САДА — ҶАШНИ БОСТОНИИ МАРДУМИ ТОҶИК. Нуру гармӣ ҷавҳар ва рамзу асли зиндагиофарии ин ид мебошанд






