Иштирокдорони синамоҷашнвораи «Тоҷи Сомон» Қалъаи таърихии Ҳисорро тамошо намуданд

Октябрь 18, 2023 16:15

ДУШАНБЕ, 18.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Иштирокдорони Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии «Тоҷи Сомон», ки имрӯзҳо дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе идома  дорад, ба шаҳри Ҳисор рафта, Қалъаи таърихии Ҳисорро тамошо намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.

Ҳайати синамогарон аз давлатҳои Арманистон, Афғонистон, Беларус, Гурҷистон, Молдова, Озарбойҷон, Покистон, Русия, Туркия, Туркманистон, Узбекистон, Ҳиндустон, Қазоқистон ва Эрон, ки барои иштирок дар ҷашнвораи «Тоҷи Сомон» ба Тоҷикистон омадаанд, бо Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор шинос шуданд.

Меҳмононро дар регистони Қалъаи таърихии Ҳисор Раиси шаҳри Ҳисор  Қосим Роҳбар пазироӣ намуда, ба шаҳри Ҳисор хайрамақдам гуфт. Тибқи анънаи аҷдодӣ, меҳмононро бо нону ширинӣ ансамбли фолклории «Бобоҷонҳо» ва ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр таҳти садои карнаю сурнай бо рақсу шодмонӣ истиқбол гирифтанд.

Ба ифтихори омадани синамогарони ҷаҳон ба шаҳри Ҳисор ҳунармандону кадбонуҳои шаҳр дар назди Корвонсаройи Қалъаи Ҳисор  намоиши намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллиро  пешкаши меҳмонон намуданд.

Меҳмонон бо Арки Қалъаи Ҳисор, Аскархона, Амфитеатр, Қасри Ҳоким ва мадрасаҳои кӯҳна ва нав шинос шуда, оид ба таърихи дирӯзу имрӯзи Ҳисори бостон маълумоти мухтасар гирифтанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Октябрь 18, 2023 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи олии Фестивали байналмилалии «VIVA AZERBAIJAN» гардид
Дар Ҳиндустон нахустин форуми СҲШ баргузор шуд
Намоишномаи «Робиаи Балхӣ» дар Фестивали байналмилалии театрӣ дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Библиомарафон» баргузор гардид
Дар Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор шуд
Ҳунармандони тоҷик дар Фестивали сеюми ҷаҳонии фарҳангии Карочӣ иштирок намуданд
Китоби «Забони миллат — ҳастии миллат»-и Президенти Тоҷикистон бо нуҳ забони хориҷӣ тарҷума ва нашр карда шуд
Ҳамкории Осорхонаи миллӣ бо муассисаҳои соҳавии Ҷумҳурии Корея густариш меёбад
Дар шаҳри Хуҷанд Фестивали оши палав ҷамъбаст шуд
Беҳтарин китобҳои тозанашри Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ пешниҳод гардид
Дар Қазон масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Тотористон баррасӣ гардид
Доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ конфронси байналмилалӣ баргузор мешавад