Корҳои сохтмонӣ дар Маркази саломатии Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оғоз шуданд
ДУШАНБЕ, 19.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Корҳои сохтмонӣ дар Маркази саломатии Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оғоз гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Маркази саломатӣ аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар масоҳати умумии 2336 метри мураббаъ сохта мешавад. Дар маркази саломатӣ имкон фароҳам меояд, ки дар як вақт ба 300 нафар хизмати тиббӣ расонида шавад. Маркази саломатӣ бо назардошти талаботи муосири соҳавӣ бунёд ёфта, дар он барои муоинаву муолиҷаи омӯзгорону кормандони донишгоҳ шароити зарурӣ фароҳам мегардад. Инчунин Маркази саломатӣ ҳамчун пойгоҳи факултетҳои тиббӣ, фарматсевтӣ, химия ва биология истифода бурда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 31 августи соли равон ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, бо лоиҳаҳои бунёди Маркази саломатии Шаҳраки донишҷӯён шинос шуданд.
Тазаккур дода шуд, ки бунёди ин дармонгоҳ дар таърихи донишгоҳ беназир буда, замина ва пойгоҳи хубе барои ҳамаи ихтисосҳои факултетҳои тиббии донишгоҳ мешавад.
Бунёди ин дармонгоҳ (поликлиника), пеш аз ҳама, ба ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириву мусоидати Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иртибот дорад, ки ба Донишгоҳи миллӣ таваҷҷуҳи пайваста доранд.
Бо дастури ректори донишгоҳ Қобилҷон Хушвахтзода таҷҳизонидани дармонгоҳ бо технологияи замонавӣ шуруъ гардид.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд






