Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар ҷаласаи котибони Шурои амнияти давлатии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон иштирок намуд

Октябрь 19, 2023 14:27

ДУШАНБЕ, 19.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 17 октябр дар шаҳри Остонаи Қазоқистон ҷаласаи дуюми котибони Шурои амнияти давлатии  мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зимни ҷаласа оид ба масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла рушди ҳамкорӣ дар самтҳои мубориза бо терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии аслиҳа ва маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин таъмини амнияти иттилоотӣ ва экологӣ  табодули ҳамаҷонибаи афкор доир шуд.

Ҷонибҳо вазъи кунунии Афғонистон ва таъсири онро ба амнияту субот дар минтақа баррасӣ намуданд.

Дар ҳошияи ҷаласа котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода доир ба масъалаҳои рӯзнома маъруза намуд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 19, 2023 14:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкории амниятиро барои муқовимат ба таҳдидҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад