Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон дар шаҳри Самарқанд машварати минтақавии сайёҳиро доир менамояд
ДУШАНБЕ, 18.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ тасмим гирифтааст, ки 19-20 октябр дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон машварати минтақавии сайёҳиро бо иштироки намояндагони мақомоти сайёҳии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва коршиносони байналмилалӣ баргузор намояд. Ин машварат дар чорчўби иҷлосияи 25-уми Маҷмаи умумии Созмони ҷаҳонии сайёҳии Милали Муттаҳид (UNWTO), ки дар шаҳри Самарқанд идома дорад, доир карда мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
17 октябр дар шаҳри Самарқанд дар ҳошияи ин иҷлосия Форуми байналмилалии сармоягузорӣ баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати намояндагони Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод иштирок намуд.
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории Самарқанд намояндагони беш аз 140 давлати ҷаҳон, аз ҷумла Котиби генералии Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ Зураб Пололикашвили, ҳайати Кумитаи мазкур ва коршиносони байналмилалии сайёҳӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон дар Маркази конгресси «Роҳи Абрешим»-и шаҳри Самарқанд Намоишгоҳи молу маҳсулотҳои сайёҳӣ доир гардид, ки дар қатори дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ- Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи сайёҳии худро дар формати рақамӣ ташкил намуд. Ҳамчунин ширкатҳои сайёҳии ватанӣ бо истифода аз ин гӯшаи муосири сайёҳии мамлакат имкониятҳои хизматрасонии худро дар шакли бурқа ва буклетҳои таблиғотӣ манзури ҳаводорони сайру сайёҳат гардониданд.
Зимнан бояд гуфд, ки дар Форуми байналмилалии сармоягузории Самарқанд Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 адад лоиҳаҳои сармоягузории сайёҳиро пешкаши сармоягузорони хориҷӣ гардонид. Ҷараёни кори форум аз ҷониби намояндагони Воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ ба таври васеъ инъикос гардида истодааст.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд






